Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд

Август 6, 2019 06:45

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд. Самти асосии коргоҳ коркарди сангҳои маҳаллӣ мебошад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳ моҳи ноябри соли 2018 оғоз шуда, он имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, бо истифода аз он сангҳои маҳаллӣ коркард карда мешаванд. Дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ, аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз фаъолияти коргоҳ таъкид доштанд, ки дар ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат бунёди чунин иншоот ва пурра коркард кардани сангҳои маҳаллӣ саривақтӣ буда, он сабаби бо ҷойи кор таъмин кардани сокинон ва дастрасӣ пайдо кардани аҳолӣ ба сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ мегардад.

Айни замон бо фаъол гардидани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Тибқи маълумот, иқтидори коркарди сангҳои ороишӣ дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» дар марҳилаи аввал 12 ҳазор метри мураббаъ буда, дар оянда доираи фаъолияти он васеъ карда шуда, то ба 40 ҳазор метри мураббаъ расонида хоҳад шуд. Роҳбарияти коргоҳ нақша доранд, ки дар оянда дар ин ҷо коргоҳи хурди саноатӣ-аграрӣ бунёд намуда, чанд нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин созанд.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар ноҳияи Балҷувон сокинон сангҳои ороишии истеҳсоли корхонаро бе харҷи зиёд харидорӣ менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ ба дастгирии бахши хусусӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди корхона боғи интенсивии себ ва ангур бунёд гардидааст. Инчунин гармхона барои парвариши қаламчаи дарахтони интенсивӣ сохта шуда, дар оянда дар майдони як гектар ҳавзи моҳипарварӣ ташкил карда мешавад.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии «Элегант-Балҷувон» дар деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон 06.08.2019

Август 6, 2019 06:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд