Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Майдончаи варзиширо дар маркази ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор доданд

Август 7, 2019 10:11

ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон инчунин майдончаи хурди  варзишиеро, ки дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шудааст.

Ин иншооти варзишӣ дар маркази ноҳия танҳо барои бозии футбол пешбинӣ гардида,  дорои беҳтарин шароит барои ин намуди бозӣ мебошад. Майдочаи хурди бозии футбол дар ноҳияи Ховалинг бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ бунёд карда шуда, дар он 35 адад таҷҳизоти хурду бузурги равшанидиҳӣ насб карда шудааст. Илова бар ин, барои зебоии атрофи иншооти мазкур дарахтони ороишиву сояафкан ва дар масоҳати 60 метри мураббаъ гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони маркази ноҳияи Ховалинг беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода намоянд, то ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Ифтитоҳи Майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг 07.08.2019

Август 7, 2019 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд