Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатиро дар ноҳияи Зафаробод ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Баландии нишон 23 метрро ташкил медиҳад ва он дар як мавзеи хеле ободу зебои ноҳия сохта шудааст.
Баъди ифтитоҳи Нишони давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ дар зери он гулчанбар гузоштанд.
Майдони нишони давлатӣ акнун ба як макони тозаву озода ва маҳалли зебои сайру тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардид.
Дар атрофи нишон аз тарафи сохтмончиён фаввораҳо, роҳравҳои тахту ҳамвор сохта шуда, дар ҳудуди боғ чароғҳои рангаи равшанидиҳанда, садҳо адад ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки гузоштани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, бунёди Нишони давлатӣ ва партавафшон кардани Парчами давлатӣ дар маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 зимни як сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баҳри бедор кардани ҳисси баланди ватандорӣ дар замири мардум дар майдони марказии ноҳия Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ карда, дар вазъияти тантанавӣ парчами давлатиро партавафшон намуданд.
Сокинони ноҳияи Зафаробод барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногунро мавриди истифода қарор медиҳанд.
Ифтитоҳи нишони давлатӣ низ аз тадбирҳои созанда дар ин самт мебошад, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи мардуми ноҳия амалӣ гардид.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






