Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
10.11.2026, шаҳри Душанбе
Муҳтарам роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо саломатӣ, матонату иродаи қавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулият, вале пурифтихоратон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад.
Яъне милитсияи содиқ ба қонун сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили зиндагии ороми мардум аст.
Мо чанде пештар ҷашни бузурги миллӣ – 35–солагии истиқлоли давлатиро дар сатҳи хеле баланд ва бо тантанаҳои бесобиқа таҷлил намудем.
Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси ин ниҳоди муҳимми давлатӣ рисолати касбии худро содиқона иҷро карданд ва дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини оромиву осоиши мардум ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.
Маҳз ба шарофати хизмати содиқона ва шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ имрӯз дар кишварамон суботу оромӣ ҳукмфармост ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ободии Ватан ва пешрафти давлат ба заҳмати созанда машғуланд.
Бинобар ин, ба ҳамаи кормандон, афсарону сарбозон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ дар кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд, миннатдории давлату Ҳукумати мамлакатро иброз медорам.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат дар симои корманди милитсия намояндаи қонун ва ҳомии ҳуқуқҳои худро мебинад.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки эҳтироми халқ ба давлат аз муносибату муоширати хуби намояндагони давлат бо мардум оғоз меёбад.
Аз ин рӯ, ҳар як корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод ба вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ, инчунин, садоқати худ сазовори боварии шаҳрвандон бошад.
Дар шароити муосир, ки шаклу усулҳои ҷинояткорӣ пайваста тағйир меёбанд, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, аз худ намудани технологияҳои муосир, такмили роҳҳои омода кардани кадрҳо, донистани забонҳои хориҷӣ ва мубодилаи саривақтии иттилоот аҳаммияти махсус пайдо мекунад.
Аз ин рӯ, роҳбарони мақомот ва сохторҳои онҳо вазифадоранд, ки дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Имрӯз дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иҷрои вазифаҳои бисёр муҳим қарор дорад.
Амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар кирдорҳои ба амнияти кишвар ва ҷомеа хатарнок аз ҷумлаи таҳдидҳои замони муосиранд, ки бояд пайваста ошкор, пешгирӣ ва бартараф карда шаванд.
Пешгирӣ кардани нуфузи андешаҳои ифротӣ, таассуби динӣ, хурофотпарастӣ ва ҳисси бегонапарастӣ ба тафаккури наврасону ҷавонон низ аз самтҳои муҳимми фаъолияти кормандони милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Иштироки фаъолона дар тарбияи худшиносиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус, наврасону ҷавонон, таҳкими робитаи оила бо мактаб ва ҷомеа низ аз вазифаҳои муҳимми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад.
Онҳо бояд дар ин самт бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва падару модарон ҳамкории доимӣ дошта бошанд.
Мо ба садоқату шуҷоати онҳое, ки дар лаҳзаҳои душвор вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро менамоянд, ҳамеша эҳтиром мегузорем.
Корномаҳои онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо намунаи садоқат ба Ватан ва мактаби ҷавонмардиву масъулиятшиносӣ мебошад.
Дар солҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ беш аз ду ҳазор нафар афсарону сарбозони мақомоти корҳои дохилӣ иҷрои вазифа ва шарафи касбии худро аз манфиатҳои шахсӣ болотар гузошта, барои ҳифзи давлат ва амнияти мардум ҷони худро дареғ надоштанд.
Ғамхорӣ ба оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, вазифаи давлат ва сохторҳои марбута мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизмат, мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таъмини фаъолияти самараноки кормандон ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ба ин хотир то ба ҳол иншооту биноҳои зиёди замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Аз ҷумла сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳои вазорат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт, инчунин, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 26 шаҳру ноҳия анҷом ёфта, ҳамаи онҳо бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.
Дар ин муддат, ҳамчунин, бунёди қисмҳои мустақили сӯхторхомӯшкунӣ дар вилояти Хатлон ва 29 шаҳру ноҳия, биноҳои маъмурии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт ва 12 шаҳру ноҳия амалӣ гардид.
Ҳамчунин, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи хизмат барои сарбозону афсарон биноҳои маъмурии ҳамаи қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ба таври замонавӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Бо дарназардошти сол ба сол васеъ гардидани доираи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ зарурати таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисос низ меафзояд.
Аз ин лиҳоз, дар баробари Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, факултети фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи оташнишонӣ – техникӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.
Имрӯз барои омода намудани кадрҳои наву баландихтисос ва мутахассисони соҳибкасби соҳа литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо беҳтарин шароиту имкониятҳо ба фаъолият оғоз намуд.
Бовар дорам, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла литсейи навтаъсис дар оянда барои таҳкими волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона хизмат мекунанд.
Дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарти зарурӣ мебошад.
Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки донистани забонҳои хориҷӣ сатҳи ҷаҳондониву маърифати сиёсии кормандонро таҳким бахшида, барои муаррифии дастовардҳои миллат дар арсаи байналмилалӣ заминаи боэътимод мегузорад.
Ҳамзамон бо ин, тақвияти омӯзиши технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ аз масъалаҳои бисёр муҳим мебошад.
Истифодаи технологияҳои муосир, инноватсия, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҳалли масъалаҳои таҳкими сулҳу оромӣ, амнияти давлат ва мубориза бо таҳдидҳои муосир нақши калон мебозад.
Ҳозирини муҳтарам!
Хотирнишон месозам, ки имрӯз вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву амниятии ҷаҳони муосир ва пайомадҳои ногувори он сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст.
Мо вазифадорем, ки тавассути тақвият бахшидани пояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ мамлакатро аз таъсири манфии равандҳои зикршуда эмин нигоҳ дорем.
Аз ин хотир, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд зиракиву ҳушёрӣ ва омодабошии касбиро аз даст надода, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, амнияти давлат ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат содиқона фаъолият намоянд.
Ҳамзамон бо ин, нисбат ба беинтизомӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, муносибати дағалона бо шаҳрвандон ва ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ бояд оштинопазир бошанд.
Ҳар як корманд бояд дарк намояд, ки либоси хизматӣ рамзи эътимоди давлат ва мардум, нишонаи масъулияти баланд ва вазифаи муқаддас дар назди қонун мебошад.
Мо бояд барои он талош намоем, ки ҳар як шаҳрванд дар ҳар гӯшаи мамлакат худро дар паноҳи қонун эҳсос намояд, аз ҳуқуқу озодиҳои худ бархурдор бошад ва ба фардои осоиштаи Тоҷикистон бовар дошта бошад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳифзи амнияти кишвар, таъмини сулҳи пойдор ва ояндаи дурахшони давлату миллат вазифаи пуршараф ва қарзи виҷдонии ҳар яки онҳо мебошад.
Бори дигар ҳамаи кормандону собиқадорон ва афсарону сарбозони шуҷои мақомоти корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо дар роҳи хизмат ба халқу Ватан садоқату матонат ва иродаи устувори касбӣ орзу менамоям.
Итминони комил дорам, ки кормандони мақомот ва сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва касбияти баланд барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлату ҷомеа, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳамеша омода хоҳанд буд.
Дар иҷрои ин рисолати пуршараф ба ҳамаи шумо саломатӣ, иродаи қавӣ, масъулияти баланд ва хизмати содиқона орзумандам.
Рӯзи милитсияи тоҷик муборак бошад, ҳозирини муҳтарам!








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд






