Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз майдони нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии «Камола» ва намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳияи Зафаробод дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нашъунамои пахта дар Хоҷагии деҳқонии «Камола» ва намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳия дидан намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Хоҷагии деҳконии «Камола» дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат соли 2014 таъсис ёфта, то ба имрӯз ба парвариш ва кишти зироати гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла пахта машғул мебошад. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки заҳматкашони хоҷагии мазкур дар кишту парвариши зироати техникӣ таҷрибаи бой дошта, майдони пахтазори он 10 гектарро дар бар мегирад ва феълан нашъунамои он бо истифода аз таҷрибаи ғании агротехникӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Хоҷагии деҳконии «Камола» пахтаи навъи «Хуҷанд-67» парвариш карда мешавад ва саҳмдорон ҳамасола ҳосилнокии хуб ба даст меоранд. Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ дар самти истифодаи пурсамари замин кишту парвариши пахтаро бо истифода аз тухмиҳои баландсифат ва тавсияи мутахассисони соҳа ба роҳ мемонанд. Ҳамин буд, ки соли 2018 аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 50-сентнерӣ ҳосили пахта рӯёниданд ва имсол низ тавассути меҳнати зарбдор ва истифодаи техникаю гузаронидани тадбирҳои муҳими агротехникӣ интизор меравад, ки аз ҳар гектар бештар аз 55 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.
Дар маҳалли боздид аҳли заҳмати ноҳия ба истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастранҷи меҳнати худро ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия дар нимсолаи аввал ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 30 ҳазору 639 гектар кишт гузарониданд, ки аз он 5 ҳазору 767 гектар ғаллагиҳо, 14 ҳазору 354 гектар пахта, 1046 гектар дигар зироати равғандеҳ, 235 гектар картошка, 567 гектар сабзавот, 1223 гектар полезӣ ва дар майдони 7 ҳазору 443 гектар хӯроки чорво мебошанд.
Ҳамчунин дар ин давра майдони 163 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд. Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 121 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 9 миллиону 417 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар ин самт 108,4 фоизро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмату муваффақиятҳои кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани майдони кишти зироат аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва афзоиш додани номгӯи маҳсулоти содиротӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия






