Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор»-ро дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд

Август 6, 2019 11:11

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор» -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Хӯҷаи сабз» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1000 сомонӣ таъмин шудаанд. Дар мавсими ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои ҷангалзори минтақа зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд.

Иншоот дар маркази деҳоти Сари Хосор, дар масоҳати 285 метри мураббаъ бунёд гардида, аз анбори аввалин, сехҳои коркард ва банду басти гиёҳҳои шифобахш ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор» ҳамчунин аз меваи дарахтони ҷангалзори минтақа, аз ҷумла бодоми талхдона, чормағз, писта, ангат, канадона, инчунин ҳосили зироати зағир ва ғайра равғани табобатӣ истеҳсол карда мешавад. Дар ин корхона, ки ба таври муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ бунёд гардидааст, 8 дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши кӯҳсори Тоҷикистон, аз ҷумла дастгоҳ барои гиёҳмайдакунӣ, гиёҳордкунӣ, банду басти халтачаҳои полоишӣ, дастгоҳи равғанкашӣ ва ғайра насб карда шудаанд. Маводи доруворие, ки дар ин корхонаи муосир истеҳсол мегардад, тамғагузорӣ мешавад ва ба талаботи стандарти байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 800 қуттии шартӣ маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахш ва беш аз 100 литр равғани табобатӣ аз меваи дарахтони ҷангалӣ мебошад. Тибқи иттилоъ, дар минтақаи Сари Хосор зиёда аз 100 намуд гулу гиёҳҳои шифобахш мерӯянд ва аксари онҳо дар корхонаи мазкур коркард ва банду баст мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешакардаи дастандаркоронро шоистаи таҳсин ҳисобида, барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ҳарчи бештар ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои ҷангалии шифобахш ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор» дар ноҳияи Балҷувон 06.08.2019

Август 6, 2019 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд