Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ карданд.
Майдони умумии иншооти навбунёд 0,15 гектарро ташкил намуда, он бо маблағгузории соҳибкорони ватандӯст аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол” бо истифода аз масолеҳи хушсифат дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд сохта шуд.
Сутунпояи Нишони давлатӣ 24 метр баландӣ дошта, андозаи худи нишон 2,4 метрро ташкил медиҳад. Иншоот аз рӯи лоиҳаи ширкати сохтмонии “Шаҳрофар” — и вилояти Суғд дар муддати қариб 4 моҳ сохта шуд.
Масоҳати умумии майдони Нишони давлатӣ 3000 метри мураббаъро ташкил намуда, он бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, ин ҷо ба як мавзеи дилфиреби шаҳр ва сайругашти сокинону меҳмонон табдил дода шудааст.
Атрофи майдони иншоотро шабонгоҳ 30 адад чароғакҳои ба тозагӣ насбгардида равшан менамоянд. Ҳамзамон 3 фаввора ва 8 нишастгоҳ, ки бо тарҳи нав сохта шудаанд, ба ҳусни атрофи майдони Нишон зебоии дигар зам намуд.
Майдони сайру саёҳати назди Нишон ба талаботи замон мутобиқ буда, имкон фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони ноҳия вақти худро хушу хотирмон гузаронанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






