Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи ноҳияи Ховалинг

Август 7, 2019 20:26

07.08.2019, ноҳияи Ховалинг

Ҳамватанони азиз!

Пеш аз ҳама, ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ховалинг барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумат ва азму талоши ватандӯстонаатон ба хотири ободии ин гӯшаи биҳиштосои Ватанамон изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.

Орзуманди он ҳастам, ки дар хонадони ҳар як сокини ноҳия фазои орому осуда ва файзу баракат таъмин бошад ва ҳамаи иқдому ташаббусҳоятон ба хотири пешрафти кишвари азизамон амалӣ гарданд.

Ноҳияи Ховалинг яке аз гӯшаҳои хушбоду ҳавои Тоҷикистон буда, қаламрави он дар замонҳои хеле қадим бо номи Мунк маъруф будааст ва ин мавзеъ аз давраҳои бостон бо таърихи пурғановату табиати дилфиреб, мардуми меҳмоннавозу ҳунарманд, мардони бонангу номус ва адибону донишмандонаш шуҳрат доштааст.

Тибқи маълумоти таърихӣ сарзамини Ховалинг дар баробари қадимтарин музофоти Осиёи Марказӣ буданаш, инчунин, аз ҷумлаи марказҳои тиҷоративу фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, дар асрҳои миёна Шоҳроҳи бузурги абрешим аз ҳудуди он мегузаштааст.

Боиси ифтихору сарфарозии мардуми ноҳияи Ховалинг аст, ки дар қаламрави диёри онҳо мавзеъҳои дилфиребу нотакрори табиӣ, маконҳои таърихӣ ва мақбараву оромгоҳҳои бузургони илму ирфони гузаштаамон мавҷуданд.

Хотирнишон месозам, ки солҳои 70-80-уми асри гузашта аз ҷониби бостоншиносон чандин масканҳои зисти қадимӣ, аз ҷумла бошишгоҳҳои Лоҳутӣ, Кӯлдара, Хонақоҳи Севодара ва Чашмаи Нигор ҳафриёт шуда, шумораи зиёди асбобу олоти он давраҳо ба даст омадааст.

Имрӯз сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз тамошои шукӯҳу шаҳомати Чилчанору чашмаҳои мусаффо, қадамҷойи қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ ва оромгоҳи шахсиятҳои маъруф, ба мисли Султон Увайс, Аюби Ансорӣ ва Авлиёи Заволак ҳаловат бурда, доир ба таърихи дерина, расму ойинҳои бостонӣ ва аҷдоди шарафманду тамаддунсози халқамон маълумоти воқеӣ мегиранд.

Бо камоли қаноатмандӣ изҳор медорам, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Ховалинг тайи даврони соҳибистиқлолӣ низ бо такя ба таҷрибаи созандаи гузаштагони хеш бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ корҳои созандагиву ободонии диёри куҳанбунёду зебоманзари худро вусъат дода, ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардидаанд.

Маҳз ҳамин заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи шумост, ки мо ҳоло дар ин варзишгоҳи навбунёди ноҳия ҷамъ омада, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва давлати орому осудаамон чорабиниву мулоқоти дӯстона баргузор менамоем.

Ҳамчунин, маҳз кӯшиши пайваста ва ҳисси баланди ватандории шумост, ки имрӯз ноҳия ва деҳоти он назар ба чанд соли пеш хеле ободу пешрафта гардида, симои худро ба куллӣ тағйир додааст.

Ҳукумати мамлакат низ то имрӯз барои пешрафти ноҳияи Ховалинг ва ҳаллу фасли мушкилоти он ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод.

Танҳо солҳои охир дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат сохтмони даҳҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, марказҳои хизматрасонӣ, бунёд ва таъмиру таҷдиди роҳҳо ва инфрасохтори сайёҳӣ бо муҳайё намудани ҳазорҳо чойҳои корӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Яъне Ҳукумати мамлакат дар қатори дигар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон барои тараққиёти ноҳияи Ховалинг ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

Дар ин раванд, ҳар як сокини ватандӯсти ноҳияро низ зарур аст, ки ёдгориҳои таърихӣ ва табиати нотакрори диёри худро эҳтиёт ва ҳифз намояд ва дар баробари ин, ҳаргиз фаромӯш насозад, ки гузаштагонамон ба мо ёдгориҳои гаронбаҳои меъмориву таърихӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангиро ба мерос гузошта, моро ҳамеша ба дӯст доштани Ватан, яъне марзу буми аҷдодӣ, ваҳдату ягонагӣ, ободкориву созандагӣ, илму донишомӯзӣ ва риояи одобу ахлоқи ҳамида ҳидоят кардаанд.

Ҳукумати мамлакат тасмим дорад, ки илова ба амалӣ гардонидани чораҳо дар самти рушди ноҳия минбаъд дар заминаи мавзеъҳои табииву таърихӣ, ёдгориҳои нодир ва табиати зебои ин диёр ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои бунёди инфрасохтори зарурӣ ва дар ин асос ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад.

Бовар дорам, ки сокинони бонангу номуси ноҳияи Ховалинг дар оянда низ дар раванди сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати кишвар бо нерӯи тозаву ғайрати дучанд ширкат варзида, барои истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатиамон дучанд заҳмат мекашанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони ноҳияи Ховалингро ба ифтихори солгарди бисту ҳаштуми истиқлолияту озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи баланд ва барору муваффақият орзумандам.

Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамдиёрони азиз!

Август 7, 2019 20:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд