Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 30, 2026 10:56

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Разес Фарма дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои пойтахтро мавриди истифода қарор доданд.

Ифтитоҳи корхона дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, саноатикунонии босуръати кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими амнияти дорувории кишвар, иқдоми муҳим ба шумор меравад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкониятҳои истеҳсолӣ, технологияҳои истифодашаванда, навъҳои маҳсулот ва дурнамои рушди минбаъдаи он маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон буда, соли 2022 таъсис ёфтааст ва татбиқи лоиҳаи мазкур дар асоси созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Разес Фарма моҳи майи соли 2024 оғоз гардидааст.

Дар марҳилаи аввал чор хат ба кор даромада, истеҳсоли 100 номгӯйи доруворӣ ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи корхона ба 1 миллиарду 400 миллион қурс, 300 миллион ғилофак, 21 миллион воҳиди доруҳои моеъ барои истифодаи берунӣ ва 13 миллион воҳиди малҳам, крем ва гел баробар мебошад.

Тибқи нақша, дар оянда, номгӯйи маҳсулоти корхона то ба 250 намуд расонида мешавад.

Дар рафти боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба истифодаи таҷҳизоти муосир, низомҳои рақамии идоракунӣ ва фаъолияти озмоишгоҳи махсуси назорати сифат иттилоъ дода шуд. Корхона бо риояи таҷрибаи хуби истеҳсолӣ фаъолият намуда, назорати сифати ашёи хом ва маҳсулот дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот таъмин карда мешавад.

Техникаву таҷҳизот ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ дар корхонаи мазкур аз кишварҳои ИМА, Италия, Олмон ва Ҷопон дастрас гардидааст.

Истифодаи технологияҳои пешрафта, раванди худкори истеҳсол ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ барои истеҳсоли дорувории босифату бехатар, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо расидан ба иқтидори пурраи марҳилаи якуми лоиҳа дар корхона беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад. Ин иқдом, на танҳо ба рушди саноати дорусозӣ, балки ба омодасозии кадрҳои баландихтисос ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Дар ин марҳила бунёди коргоҳи нави истеҳсолӣ дар масоҳати беш аз 10 ҳазор метри мураббаъ бо сармоягузории зиёда аз 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар назар аст, ки дар доираи татбиқи ин марҳила 150 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, иқтидори солонаи истеҳсоли доруҳои моеъ дар ампулаҳо ба 85 миллион ва доруҳо дар зарфҳои калони пластикӣ ба 40 миллион расонида шавад.

Гуфта шуд, ки татбиқи пурраи лоиҳа барои коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз воридоти доруворӣ, васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар имконияти бештар фароҳам меорад.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа муаррифӣ гардид. Тибқи он, дар масоҳати беш аз 10 ҳазор метри мураббаъ коргоҳи нави истеҳсолӣ бо сармоягузории зиёда аз 150 миллион сомонӣ бунёд гардида, 150 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Дар ин корхона 100 намуди доруҳои моеъ дар ампулаҳо ва зарфҳои калони пластикӣ дар ҳаҷми солонаи 125 миллион дона тавлид мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини сифат ва бехатарии доруворӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва татбиқи саривақтии марҳилаи дуюми лоиҳа дастуру тавсияҳо доданд.
Ифтитоҳи корхонаи Разес Фарма дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 30.10.2026

Октябрь 30, 2026 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд