Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тамдид дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиши иқтидори саноатии кишвар, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва таъсиси ҷойҳои корӣ бунёд гардидааст.
Дар корхона таҷҳизоти муосир барои истеҳсол ва васлу насби дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ аз Италия, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст.
Корхона дорои чор хатти худкори истеҳсолӣ буда, иқтидори он дар як баст то 100 маҳсулотро ташкил медиҳад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ, деворҳои шишагии калонҳаҷм, системаҳои фасадӣ, дарҳои даромадгоҳӣ ва дигар намуди маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мешавад. Ҳамчунин, маҳсулот мутобиқи андоза ва талаботи фармоишгар омода гардида, васлу насби он низ аз ҷониби мутахассисони корхона анҷом дода мешавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 35 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад. Дар раванди истеҳсолот ба риояи талаботи технологӣ ва назорати сифати маҳсулот дар ҳамаи марҳилаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Таъкид шуд, ки фаъолияти корхона ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва фароҳам овардани замина барои рушди минбаъдаи содирот мусоидат хоҳад кард.
Ифтитоҳи чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахти кишвар дар самти рушди саноат, густариши фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таъсиси ҷойҳои корӣ иқдоми муҳим арзёбӣ гардид.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳа ташкили коргоҳи муосири коркарди шиша низ пешбинӣ гардидааст.
Иқтидори истеҳсолии марҳилаи дуюм дар як сол 36 ҳазор дона шишаро ташкил дода, 100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.
Коргоҳи нав бо хатҳои муосири автоматикунонидашудаи истеҳсолӣ, ки аз Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешаванд, муҷаҳҳаз гардида, коркарди шиша, буридан, сӯрохкунӣ, суфтакунии канорҳо, инчунин герметиккунонии шишапакетҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус ба роҳ монда мешавад.
Сатҳи худкорсозии равандҳои истеҳсолӣ дар ин марҳила 80 фоизро ташкил дода, имконият медиҳад, ки шиша бо андозаи то 6 ба 3 метр ва ғафсии то 60 миллиметр тавлид карда шавад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа дар муҳлати якуним сол амалӣ гардида, дар доираи он коргоҳи муосири коркарди шиша бо таҷҳизоти пешрафтаи истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад.
Татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа имкон медиҳад, ки дар корхона на танҳо истеҳсоли дару тирезаҳои тайёр, балки коркарди шиша низ ба роҳ монда шавад. Ин раванд ба васеъ гардидани номгӯйи маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ мусоидат менамояд.









Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»






