Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Октябрь 29, 2026 17:55

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.          

Нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» ва дурнамои  нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 23,2 фоиз зиёд мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Даромади буҷети давлатӣ мутобиқи дурнамо дар соли 2028 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029 104, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии барномаю стратегияҳо дар назди вазорату идораҳои марбута як қатор супоришҳо гузоштанд, аз ҷумла рақамикунонӣ ва мубодилаи электронии маълумот, васеъ кардани заминаи андозбандӣ ва бартараф намудани қарзҳои андозӣ, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулот ва ғайра.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Сипас, дар кори маҷлис Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи  граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амал оид ба амалигардонии Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда, ба масъулони сохторҳои марбута супоришҳо доданд.

Дар фароварди маҷлис Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба ҷамъоварии бетелафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молҳои ниёзи аввал, захираи кофии маводи сухт барои давраи зимистон ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 40 солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.10.2026

Октябрь 29, 2026 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон