ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, шанбе, 215-умин рӯзи соли 2019 аст

Август 3, 2019 08:00

3 августи соли 2011 дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди корхонаи муштараки «Зарафшон» коргоҳи нави заршўӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он дар як шабонарўз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо ҷудо кунад.

***

4 сол пеш, 3 августи соли 2015 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тарҳи навашро бо забони арабӣ фаъол намуд. Дар айни замон тарҳи мазкур ба монанди тарҳҳои сомона ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ  бо назардошти сохти навтарини сомонасозӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилаии сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият дорад.

3 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Нигерия – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

3 августи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Франсия, махсусан дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

***

3 августи соли 1795 Консерваторияи Париж таъсис дода шуд.

***

97 сол пеш аз ин,  3 августи соли 1922 Радиои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  таъсири садоро (радиоэффект) истифода бурд.

***

Дар ин рӯзи соли 1952 дар пойтахти Финландия – шаҳри Хелсинки маросими ба итмом расидани бозиҳои XV олимпии тобистона баргузор гардид, ки 19 июл ифтитоҳ гардида буд.

***

3 августи соли 1980 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими хотимаёбии бозиҳои XXII олимпии тобистона баргузор шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1926 дар майдони Пиккадилли аввалин маротиба дар Лондон чароғаки роҳ (светофор) насб гардид.

***

Соли 2002 аввалин маротиба дар Россия роҳи оҳани босуръат ба истифода дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Август 3, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш