«THE TELEGRAPH»: «ШАҲРИ ГУМШУДА ПАЙДО ШУД». Бостоншиносон «Мачу-Пикчу»-и Тоҷикистонро кашф карданд!

Август 21, 2019 14:14

ДУШАНБЕ, 21.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи машҳури бритониёии «The Telegraph» дар шумораи 16 августи соли 2019 таҳти унвони «Шаҳри гумшуда пайдо шуд. Бостоншиносон «Мачу-Пиксу»-и Тоҷикистонро кашф карданд» мақола нашр намуд.

The Daily Telegraph («Дели телеграф», англ. The Daily Telegraph, баъзан The Telegraph) рӯзномаи бритониёист, ки соли 1855 таъсис ёфтааст. Ин яке аз маъруфтарин ва серхонандатарин рӯзномаҳои Британияи Кабир аст. Соли 2016 теъдоди шумораи ҳаррӯзаи он ба 460 054 нусха (ҷои 6-ум дар Британияи Кабир) расид. «Би-би-сӣ»  «The Daily Telegraph»-ро «яке аз бузургтарин рӯзномаҳои ҷаҳон» номидааст. Рӯзнома се маротиба ҷоизаи The Press Awards-ро ҳамчун беҳтарин рӯзномаи сол соҳиб гардид.

Акнун бубинем Мачу-Пикчу чист? Ин шаҳри Амрикои қадимист, ки дар қаламрави Перуи муосир, дар болои қаторкӯҳҳо, дар баландии 2450 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Мачу-Пикчуро аксар вақт «шаҳр дар харобаҳо» ё «шаҳр дар байни абрҳо» меноманд, инчунин онро баъзан «шаҳри гумшудаи инкҳо» низ мегӯянд. Моҳи июли 2007 Мачу Пичкуро ЮНЕСКО расман Муъҷизаи нави сайёра унвон кард.

Дар мақолаи болозикри «The Telegraph» дар бораи кофтукови шаҳри бостонии Карон дар қаламрави Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз ҷониби бостоншиносони Тоҷикистон кашф карда шуд, сухан меравад. Агар рӯзномаи бритониёӣ ин шаҳри бостонии тоҷиконро бо Мачу-Пикчу муқоиса кунад, пас мантиқан метавон онро «Муъҷизаи нави сайёра» номид.

ДАР АКС: Карон метавонад ба яке аз бозёфтҳои муҳими замони мо табдил ёбад. Аксҳои Софи Ибботсон (аз чап) ва Исток (аз рост).

«The Telegraph» менависад:  «Соли 2012 заминдори тоҷик дар баландие иншооти сохтаро дарёфт намуд. Оё он яке аз муҳимтарин кашфиёти бостоншиносии замони мо мегардад ё на? «Telegraph Travel» («Телеграф Травел») ба тадқиқоти он шурӯъ кард.

Дар асри XXI дар замони аксҳои моҳворавӣ мо фикр мекардем, ки тамоми дунё рӯи харита оварда шудааст ва гумон ҳам надоштем, ки як шаҳр метавонад пурра нопадид шавад.

Шумо чӣ тавр метавонед, ки қасрҳову майдонҳои чавгонбозӣ (поло), маъбадҳо, мақбараҳо ва конҳоро нодида гиред? Хусусан вақте ки онҳо дар як мавзеи муҳими стратегӣ бо намо ба сарҳади Афғонистон ҷойгир шуда бошанд.

Вале соли 2012 дар баландии кӯҳҳои болои дарёи Панҷ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминдори маҳаллӣ бостоншиноси собиқадор Юсуфшо Яқубовро барои таҳқиқи ин иншоот, ки онро дар баландии тақрибан 5 км аз шаҳри Қалъаи-Хумб пайдо кардааст, даъват намуд….».

ДАР АКС: Юсуфшо Яқубов.

Ёдовар мешавем, ки соли 2012 дар минтақаи Дарвоз бостоншиносони тоҷику рус шаҳри қадимаи Каронро пайдо карданд, ки тибқи баъзе маълумот, тақрибан 4-ҳазорсола аст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» чанде пеш бо олим-таърихшиноси маъруф, академик Юсуфшо Яқубов  ҳамсуҳбат шуд.  Ӯ аввалин касест, ки шаҳри бостониеро бо номи аҷиб пайдо кард.

«Албатта, сокинони маҳаллӣ медонистанд, ки дар баландии 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр кадом як қалъаи кӯҳна мавҷуд аст, ки дер боз бо хок пӯшонида шудааст. Ва ҳангоме ки ман барои дидани он  ин ҷо омадам, танҳо теппаи калонеро ёфтам. Вале ҳама чизҳои атрофро омӯхта, ба хулосае омадам, ки ин эҳтимолан маъбади панҷҳуҷраи оташ аст. Хушбахтона, ин хулоса  рост баромад»,-гуфт ӯ.

Тибқи гуфтаҳои олим, дар тӯли 6 соли охир дар ин ҷо пораҳои ибодатхонаи об, ду маъбад, осиёи бодӣ, китоби муқаддаси зардуштҳо «Авесто», боқимондаҳои майдони калони чавгонбозӣ, толорҳо, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ пайдо шудаанд.

«Карон шаҳри шоҳон буд. Дар ин ҷо шоҳ, вазирон, хизматгорони шоҳ зиндагӣ мекарданд. Мардуми одӣ берун аз ҳудуди он, дар деҳаҳои наздик зиндагӣ  ба сар мебурданд. То асри Х дар ин ҷо дини зардуштӣ амал мекард.   Дар ин бора на танҳо меҳроби Оташкада, балки қадимтарин чорпояи сангии дунё, ки китоби муқаддаси «Авесто» дар болои он  устувор шудааст, шаҳодат медиҳад»,-нақл кард Юсуфшо Яқубов.

ДАР АКС: шаҳри бостонии Карон. Акс аз бойгонӣ.

Карон, тавре олим зикр менамояд, мавҷудияташро дар асри XV аз даст дод ва эҳтимол меравад, ки сокинон он ҷоро бо сабабҳои тамом шудани захираҳои об тарк кардаанд. Барои ба пуррагӣ омӯхтани таърихи шаҳр таърихшинос чунин мешуморанд, ки ҳадди ақал 15 сол лозим аст.

Ҳамин тавр, оё Карон ба яке аз муҳимтарин кашфиёти бостоншиносии ҷаҳони муосир табдил хоҳад ёфт ё на? Telegraph Travel – хадамоти саёҳатии рӯзномаи «The Telegraph» —  тадқиқот оғоз кардааст ва, албатта, ба ин суол посухи дақиқ хоҳад дод. Ба ибораи дигар, шояд сайёҳонро аз саросари ҷаҳон дидор бо муъҷизаи нави сайёра интизор аст! Интизори хабари хуши онҳоем — Карон сазовори гирифтани чунин мақом аст!

Илова бар ин. Дар Тоҷикистон метавон боз бо як чунин мӯъҷиза шинос шуд — ин шаҳри қадимаи Саразм (IV — II ҳазорсолаи пеш аз милод) аст, ки омӯзиши муштараки онро  олимони тоҷик, рус ва франсавӣ  пеш мебаранд. Номи ин маҳал худ аз худ дарак медиҳад: решаҳои этимологии он ба калимаи тоҷикии «сари замин» омада мерасанд. Воқеан  Саразм асосгузори тамаддуни бузург ва табақаи нави ба худ хоси фарҳангист.

Соли 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ ташриф оварда, супориш доданд, ки ба ин ёдгории бостонӣ диққати махсус дода шавад. Он айём атрофи мамнӯъгоҳ барои таъмини ҳифзи бештари ёдгориҳои бостонӣ маҳкам карда шуда буд. 5 иншооти бостоншиносӣ бо масолеҳи металлӣ болопӯш  гардиданд. Соли 2010 ёдгории таърихии Саразм ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки 5500-солагии шаҳри бостонии Саразмро, ки дар канори ғарбии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, соли 2020, дар рӯзҳои таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил намояд.

Акрамхоҷаи АКБАР,
Бекназари АБӮБАКР,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛОЕВ,
АМИТ «Ховар»

Август 21, 2019 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд