Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.
Пеш аз оғози конференсия иштирокчиён бо намоиши китобу осори илмӣ, таърихӣ ва публитсистӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардиданд. Дар намоиш асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои марбут ба таърихи давлатдории миллӣ, таҳқиқоти олимону сиёсатшиносон оид ба мақоми Президент, инчунин рӯзномаю маҷаллаҳои инъикоскунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Конфронс бо мақсади арҷгузорӣ ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот, пойдории Ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории навини тоҷикон гузаронида шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар мавриди аҳамияти Рӯзи Президент, нақши таърихии Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории муосири тоҷикон ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.
Иброз гардид, ки эътибору нуфузи кунунии Тоҷикистон аз хизматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст. Имрӯз халқи тоҷикро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва давлати озоду демократӣ эътироф менамояд.
Аз ин рӯ таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва болоравии худшиносии миллӣ аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлоли давлатӣ ба шумор мераванд. Омӯзишу таҳқиқи дастовардҳои давлатдории навини тоҷикон ва тарғиби арзишҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли ҷавон нақши муҳим доранд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд






