«ВАРЗИШ – САҲНАИ НОМУСИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ 10.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе таҳти унвони «Варзиш – саҳнаи номуси миллат» чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода варзишгарону мураббиён, собиқадорон ва ҳаводорони варзишро таҳният гуфта, бо хушнуди зикр намуд, ки дар Тоҷикистон ҳар сол 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса, бо роҳандозии як қатор чорабиниҳои оммавию варзишӣ, бо ҷалби тамоми варзишгарону мураббиён ва ҷавонон таҷлил мегардад ва ба тақвими ҷашнҳои миллии кишвар ворид шудани он гувоҳ аз рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мамлакат мебошад.
«Ба роҳ мондани тадбирҳои шоиста ва сазовор дар самти таҷдиду азнавсозӣ ва бунёду ба истифода додани як қатор маҷмааву варзишгоҳҳо дар тамоми манотиқи кишвар гувоҳ аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат дар ин самт аст, — тазаккур дод А. Абдуллозода ва илова намуд, ки таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва эҳёи намудҳои варзиши миллӣ шаҳодати онанд, ки дастгирӣ ва рушд бахшидани соҳаи варзиш як қисмати сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро ташкил медиҳад».
Дар идома раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ёдовар шуд, ки нишондоду оморҳои назаррас гувоҳи онанд, ки варзиши тоҷик ҳар соату дақиқа рӯ ба пешравӣ ниҳодааст. Танҳо соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии кишвар 125 иншооти гуногуни варзишӣ сохта ба истифода дода шуд ва шумораи умумии иншооти варзишии кишвар ба 9835 адад расид.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба хотири оммавигардонии варзиш ва ҷалб кардани наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4600 мусобиқаи гуногун, аз қабили чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои интихобии вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ баргузор шуд, ки дар онҳо ҳудуди 734 ҳазор варзишгар иштирок ва қувваозмоӣ карданд. Шумораи умумии чорабиниҳои варзишии доиршуда ба 6446 адад мерасад, ки дар онҳо қариб 1,3 миллион наврасу ҷавон ва аҳолии кишвар ҷалб шудаанд ва ҳудуди 25 фисадашро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Сипас, барномаи фарҳангии ҳунармандони кишвар пешкаши варзишгарону мураббиён, масъулони соҳа ва ҳаводорони варзиш гардид.










Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






