«Мавлоно — тараннумгари ваҳдат»-таҳти чунин унвон дар ноҳияи Данғара конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 26.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 27 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №-9-и Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони «Мавлоно- тараннумгари ваҳдат» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Дар ҳамоиши илмии ҷумҳуриявӣ олимону донишмандон, мавлоношиносони маъруф ва шоирону нависандагон иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Чанд андешае перомуни Донои Вахш», «Устод Садриддин Айнӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ», «Масъалаи инсон аз дидгоҳи Мавлоно», «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба зодбуми худ бармегардад», «Муҳри каломи Мавлоно ишқ аст», «Мавлоно-шоири андеша ва афкори миллӣ», «Ашъори Мавлоно дар барномаи ҳунарии Аҳмад Зоҳир», «Бозтоби Офтоб» ва «Сангтӯда-ватани бозёфтҳои нодири таърихӣ» маърӯза хоҳанд кард.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 30 сентябр зодрӯзи ин мутафаккир ҷашн гирифта мешавад. Соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО 800-солагии Мавлоно эълон гардид ва он на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар як зумра кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд.
Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон тӯли солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.
Ин аст, ки бо гузашти беш аз 8 қарн бузургию асолати мероси адабии шоир ва мутафаккири барҷастаи машриқзамин- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ оламшумул ва побарҷо буда, дар қарни 21 «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно серхаридортарин китоб дар Амрико эътироф гардид.
Тибқи тадқиқоти анҷомдодаи муҳаққиқони тоҷик, зодгоҳи аслии Мавлоно водии Вахш (он замон Вахш аз музофоти Балх маҳсуб меёфт) аст. Ҳатто як донишманди амрикоӣ дастнависи падари Мавлоноро дарёфт карда, собит сохтааст, ки зодгоҳи Мавлоно мавзеи Сангтӯдаи имрӯза мебошад. Мавлоно дар овони наврасӣ бо волидайн ва ҳудуди 700 нафар муридони падараш ҳамроҳ бо аҳли адаб аз Балх сафари Маккаро ихтиёр намуда, баъди бозгашт Қунияро ватан баргузид ва ҳоло осори зиндагии шоир ва мадфани Мавлоно он ҷо боқист.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






