«Агар шумо озодӣ мехоҳед, бояд бо мамлакати хеш ифтихор кунед, агар ба шумо демократия лозим бошад, соҳибихтиёрии худро таҳким бахшед». Чунин изҳор дошт Доналд Трамп зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ

Сентябрь 25, 2019 10:24

ДУШАНБЕ, 25.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ҳаштуми Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню Йорк бағоят ҷолиб  ва пур аз мубоҳисаҳои масъалаҳои глобалӣ гардид. Аз ҷумла, раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ ба ҳифзи асолати миллӣ таваҷҷуҳ карданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба КАЗИНФОРМ.

«Агар ба сайёраи бузурги беназири мо нигарем, ҳақиқат падидор мегардад: агар шумо озодӣ мехоҳед, бояд бо мамлакати хеш ифтихор кунед. Агар ба шумо демократия лозим бошад, соҳибихтиёрии худро таҳким бахшед. Агар шумо сулҳ мехоҳед, мардуми худро дӯст доред. Пешвоёни хирадманд дар кишвари худ ҳамеша манфиатҳои мардуми худро ҳифз намудаанд. Оянда аз фарогирандагони чаҳон нест, оянда барои ватандӯстон, барои кишварҳои соҳибистиқлол аст, ки шаҳрвандони худро ҳифз мекунанд, бо ҳамсоягон эҳтиромона муносибат карда, он фарқиятеро ба назар мегиранд, ки бо шарофати он ҳар як давлат хосса аст», — гуфт зимни суханронии хеш Президенти ИМА Доналд Трамп.

Роҳбари Амрико инчунин итминон дод, ки ИМА ҷонибдори фаъоли анъанаҳо ва расму оинҳоест, ки ҳар яки мардумон доранд.

«ИМА, пас аз интихоби ман беш аз 2,5 триллион долларро барои пурра барқарор намудани неруҳои мусаллаҳи мо, ки давлати пуриқтидортарин аст, сарф кард. Умедворам, ҳеҷ гоҳ зарур намеояд, ки мо ин қудратро истифода барем. Амрикоиҳо медонанд, ки вақте дигарон дар ҷаҳон барои ҳукмфармо будан ва бартарӣ доштан талош мекунанд, мамлакати мо бояд аз ҷиҳати сарват, қудрат ва ҳолат қавӣ бошад. Маҳз аз ин хотир, ИМА фаъолона аз анъанаҳо ва урфу одатҳое, ки моро ба воя расондаанд, ҳимоя мекунад», — зикр намуд Президенти ИМА.

«Мисли мамлакати азизи ман, ҳар давлате, ки дар ин толор намояндагӣ дорад, таърих, фарҳанг ва мероси худро дорост, ки онро азиз медонад ва сазовори он аст, ки ҳифз намояд. Ин ба мо неру ва иқтидори ягонаи беназир мебахшад. Ҷаҳони озод бояд ба пойгоҳҳои миллии худ такя кунад, ҳеҷ гуна кӯшиши иваз кардани онҳо ва ё вайрон намудани онҳо набояд вуҷуд дошта бошад», — илова намуд ӯ.

Имрӯз ба масъалаи рушди маориф диққати махсус зоҳир гардид. Раиси Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Тиҷанӣ Муҳаммад-Банде ба ҳамкорӣ дар соҳаи навсозии раванди таълим даъват намуд.

«Дастрасӣ ба маълумоти ройгони баландсифати ибтидоиву миёна, инчунин касбию техникӣ – лаҳзаи ҳаётан муҳим аст. Ин қатъист, зеро мамлакат бештар аз иқтидори мавҷудаи соҳаи маориф, пеш аз ҳама, иқтидори омӯзгорон рушд карда наметавонад. Зарур аст, ки донишомӯзони ҷаҳон аз устодони соҳибихтисос дар соҳаҳои илм, технологияҳо, муҳандисӣ, математика ва гуманитарӣ дониш бигиранд», — гуфт М. Банде.

«Ман исроркорона аз давлатҳое, ки чунин имконотро доранд, даъват мекунам, дар масъалаи омода намудани омӯзгорон ҳамкории зич ба роҳ монанд ва чунин имконот барои духтарон ва кӯдакони дорои маълулият низ бояд бошад», — гуфт раиси Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ.

Сентябрь 25, 2019 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон