Агентии зидди коррупсия: мутахассиси пешбари бахши манзилию коммуналии МИҲД ноҳияи Синои пойтахт дастгир шуд

Сентябрь 16, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 16.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти мутахассиси пешбари бахши манзилию коммуналии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Хоҷаев Дилшод Абдусаломович дар вазифаи болозикр кор карда, моҳи майи соли 2019 бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Муҳиддинов Саъдулло Нуруллоевич, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лучоб, бинои 3, ҳуҷраи 9, маблағи 1500 доллари ИМА талаб намуда, гирифта, онро тасарруф намуданд.

«Дар натиҷаи ин кирдори бадқасдонаи номбурдагон ба шаҳрванд «А» зарари махсусан калони моддӣ расонида шуд», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.

Бояд зикр намуд, ки муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

30 августи соли 2013 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 қабул гардида, мавриди татбиқ қарор дорад. Тибқи муқаррароти Стратегияи мазкур, заминаҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ дар таҳрири нав қабул гардида, аз ҷониби мақоми олии қонунгузорӣ қабул ва Сарвари давлат онро ба имзо расониданд.

Аз ҷумла, тибқи тағйироти ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, барои амалҳои коррупсионӣ дар асоси қарори суд ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз озодӣ  пешбинӣ карда шудааст.

«Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба номбурдагон бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад», -афзуд манбаъ.

Сентябрь 16, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид