Академияи идоракунии давлатӣ аз довталабон дар макони зисташон имтиҳон мегирад
ХОРУҒ, 30.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ 20 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки дар мансабҳои хизмати давлатӣ адои вазифа мекунанд, барои дохил шудан ба бахши магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон супориданд.
Аз 20 нафар довталаб танҳо 8 нафар ба Академияи мазкур қабул карда мешаванд. Ба гуфтаи корманди ин Академия Муҳаммад Ализода, бори аввал аст, ки довталабони Академияи идоракунӣ бевосита дар макони зисти худ имтиҳон месупоранд.
Қаблан барои шомил шудан ба ин Академия довталабон маҷбур буданд, ки ба шаҳри Душанбе сафар кунанд ва дар он ҷо дониши худро санҷанд. Дар сурати ноком шудан боз ба зодгоҳашон бармегаштанд ва ба қавле маблағашон беҳуда масраф мешуд. Инро ба инобат гирифта, маъмурияти Академия имсол қарор дод, ки имтиҳонро бевосита дар маҳали зисти довталабон баргузор намояд. Довталабон аз ду фан имтиҳон месупоранд- фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва таърихи халқи тоҷик. Ҳамчунин яке аз шартҳои дохилшавӣ ба бахши магистратураи Академия доштани собиқаи дусолаи корӣ ба сифати хизматчии давлатӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Шиносоии комил бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ ва истифодаи дуруст аз барномаҳои мухталифи компютерӣ яке аз дигар талаботи аслӣ ба шумор меравад.
Онҳое, ки ба магистратура дохил мешаванд, метавонанд баъди анҷоми таҳсил фаъолияташонро дар ҷойи кори қаблӣ давом диҳанд, зеро тибқи қонунгузорӣ вазифаи пештараашон ҳифз карда мешавад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






