Ҷамила Байдуллоева: «Ҳавои ғуборолуд то 24 сентябр боқӣ мемонад»

Сентябрь 23, 2019 16:32

ДУШАНБЕ, 23.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва қисман ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш ва ғуборолуд  шуд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, чунин вазъи ҳаво то пагоҳ, 24 сентябр боқӣ мемонад.

Тавре сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, сабаби чунин вазъи ҳаво муддати тӯлонӣ наборидани борон дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҷануби вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад.

Ба гуфтаи мавсуф, инчунин ҳавои сарде, ки аз минтақаи ҷанубу ғарб тавассути минтақаҳои қисмати аврупоии  Россия ба Тоҷикистон ворид гардид, сабаби шиддат гирифтани шамол дар қисми зиёди минатқаҳои ҷанубии вилояти Хатлон  шуд.

«Резиши чангу ғуборҳое, ки дар ин ё он минтақа ба қайд гирифта мешавад, хусусияти муваққатӣ дорад. Баъд аз гузашти ин вазъ табиист, ки ҳолати ҳаво тағйир меёбад»- афзуд Ҷамила Байдуллоева.

 Ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ҷамолиддин Раҳмонов гуфт: «Боду ҳавои ғуборолуд ба системаи нафаскашӣ ва дилу рагҳои хунгард таъсири манфӣ мерасонад».

Аз ин лиҳоз, — гуфт мавсуф,- нафароне, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас, бронхитҳои намуди аллергетикӣ, бемориҳои алергетикии роҳҳои болоии нафасанд, дар чунин вазъи ҳаво бояд эҳтиёткор бошанд. Зеро нафаскашии ин гуна беморон аз ҳавои чангу ғуборолуд сабаби хуруҷи бемориашон мегардад.

Мутахассиси соҳаи тиб тавсия медиҳад, ки нафарони ба бемориҳои болозикр гирифтор бояд ҳангоми ба кӯча баромадан  аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.

«Дар муҳити хона дару тирезаҳоро маҳкам намуда, тез-тез рӯбучин ва муҳитро намнок бояд кард. Аз ҷониби дигар, ба нафарони бемор  тавсия дода мешавад, ки бе зарурат аз хона набароянд. Инчунин нафарони ба ин бемориҳо мубтало дар сурати хуруҷи бемориҳои худ бояд зуд ба мутахассисони соҳаи тиб  муроҷиат намуда, ёрии аввалиндараҷаи зарурӣ гиранд»,-илова намуд Ҷамолиддин Раҳмонов.

Сентябрь 23, 2019 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд