Ҷамшед Исоев дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот соҳиби медали тилло гардид

Сентябрь 18, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳмотбози  шинохтаи тоҷик, чемпиони Тоҷикистон дар соли 2019 Ҷамшед Исоев дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни калонсолон медали тилло ба даст овард. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар»   намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар  дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни калонсолон дар ду синн–аз 50-сола ва аз 65-сола боло аз рӯи се равия – рапид, классикӣ ва блитс аз 8 то 18 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд. Дар мусобиқа 70 шоҳмотбоз аз 16 давлати қора иштирок карданд.

Ҷамшед Исоев, ягона намояндаи Тоҷикистон миёни иштирокчиёни аз 50-сола боло дар равияи блитс ҷои якумро ишғол кард. Ӯ аз 9 холи имконпазир 8 хол ба даст овард. Дар 7 бозӣ бар намояндагони Қазоқистон (4 нафар), Эрон, Сурия, Қирғизистон ғалаба карда, ду бозиро бо шоҳмотбозони Қазоқистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом дод. Дар ин равия Азиз Умарбеков аз Қирғизистон бо 8 хол ҷои дуюм, Серикбай Темирбаев аз Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Ҷамшед дар равияҳои рапид ва классикӣ низ бозӣ намуд, вале бахт омад накард. Дар равияи рапид бо 4 хол дар ҷои 16-ум, дар шоҳмоти классикӣ бо 5 хол дар ҷои 9-ум мавқеъ ёфт. Ба варзишгароне, ки дар шоҳмоти классикӣ (аз 50-сола боло то ҷои 6-ум, аз 65-сола боло то ҷои 5-ум)-ро сазовор шуданд, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 доллари ИМА тақдим гардид.

Сентябрь 18, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад