Ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 58 адад дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ аз Давлати Кувайт ворид гардиданд

Сентябрь 5, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Кувайт ба муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон 58 адад дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ тақдим намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  дирӯз  дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат ва меҳмонон аз Давлати Кувайт маросими супоридани кумакҳои техникию тиббии ин давлат, ки аз  дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ иборат буданд, баргузор шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маросим Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси муассисаи хайриявии исломӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода ва дигар меҳмонон аз давлати Кувайт иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимзода миннатдории вазоратро барои ҳамкории мутақобилан судманд ба Давлати Кувайт изҳор дошта, зикр намуд, ки   саҳифаи тозаи муносибатҳои дуҷонибаи ду мамлакатро сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати Кувайт, ки 23 июни соли 2013 ба вуқӯъ пайваст, боз намуд. Зимни ин сафар  «Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ» ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он ҳамкории пурсамари дуҷониба сол то сол рушду тақвият меёбад.

Н. Олимзода иброз дошт, ки  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои босамар ва мақсаднок истифода бурдани таҷҳизоти мазкур тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Ҳамчунин  мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси муассисаи хайриявии исломӣ Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ изҳор намуд, ки «ҳамин ҳамкории созанда ва дӯстона моро бо ҳам овардааст. Ин ҳамкорӣ ба манфиати ҳар ду давлат аст. Ҳадафи асосии ташкилоти мо расонидани кумак ба кишварҳои мусалмоннишин мебошад. Бовар дорам, ки минбаъд низ ҳамкории мо идома хоҳад ёфт».

Ҳамчунин раиси ташкилоти хайриявии байналхалқии «Ассалом» аз давлати Кувайт доктор Навир ал-Амр низ аз ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ кард.

Ба иттилои мудири шуъбаи ҷарроҳии дили  Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо  Шамсиддин Бурҳонов, 58 адад таҷҳизот ба марказ ворид шудаанд, ки аз байни инҳо дастгоҳи ЭКМО нахустин бор ба ҷумҳурии мо дохил шудааст.

Сентябрь 5, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд