Дар Хоруғ Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ба поён расид

Сентябрь 23, 2019 15:00

ХОРУҒ, 23.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ дар шаҳри Хоруғ бо имзои шартномаҳо ва тақдими ифтихорномаҳо ба поён расид. Намоишгоҳ бо ибтикори Кумитаи меъморӣ ва  сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон роҳандозӣ гардида, дар он беш аз 50 ширкати ватанӣ  маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Ҳадафи баргузор намудани намоишгоҳ- ин, пеш аз ҳама, аз рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷриба, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда, бунёди инфросохтори сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ иборат буд.

Чунин ҳамоиш ва намоиши мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ баргузор гардида, меъморонро ба густариши табодули таҷриба ва офаридани лоиҳаҳои замонавӣ ҳидоят месозад. Дар ҳар гўшаи намоишгоҳ беш аз 50 ташкилоти лоиҳакашӣ ширкат намуда, дастовези дар замони истиқлолият офаридаи худро ба намоиш гузоштанд. Аксарияти лоиҳаҳои меъморон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ дар амал татбиқ гардонда шуданд.

Лоиҳакашону меъморон ва сохтмончиён аз баргузории чунин намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда, онро майдони хубе барои сайқали такомули  санъати меъмории миллӣ медонанд. Дар намоишгоҳ 35 ташкилоти лоиҳакаш, 20 ташкилоти  истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва 10 нафар ҳунармандони ватанӣ аз гўшаю канори мамлакат бо маҳсулоти худ ширкат доштанд. Дар рўзи дуюми намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ баъди натиҷагирӣ иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки соли оянда  чунин намоиш дар водии Рашт баргузор мегардад.

Сентябрь 23, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд