Дар таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Ҳисор чун мардуми дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ таҷлил намуданд.
Зимни ҷамъомади тантанавие, ки ба ифтихори ин санаи таърихӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хисор доир гардид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода сокинони ин шаҳри бостониро бо ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар роҳи ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан дар раванди корҳои бунёдкорию ободонӣ дар мамлакат комёбиҳо орзу намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зикр намуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба дастовардҳои назаррас, шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавӣ мушарраф гардида, дар рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб мегузоранд.
Гуфта шуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, ҳувият, худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ дучанд фаъолият намуда, бо бунёд, таъмир ва навсозии беш аз 610 иншооти нақшавӣ бахшида ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҳисорро ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи иқтисодӣ, саноатию аграрӣ ва минтақаи сайёҳии Тоҷикистон табдил медиҳанд.
Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба се нафар сокинони шаҳри Ҳисор дар маросими ботантана мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд. Барномаи консертии аҳли фарҳанги шаҳр ба базмгоҳи ҷашнӣ шукӯҳи хосса зам намуд.










ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






