Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ босуръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 13.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. То 6 сентябр дар ҷумҳурӣ 763 ҳазору 221 тонна ғалладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 ҳазору 791 тонна зиёд мебошад. Ин миқдор ғалладона аз майдони 259 ҳазору 382 гектар ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, соли равон дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар 291 ҳазору 510 гектар кишти ғалладона, аз ҷумла гандум гузарониданд. Бояд гуфт, ки гандум яке аз зироати зарурӣ барои сокинони Тоҷикистон мебошад. Орди аз он ҳосилмешуда серистеъмолтарин ғизо дар хонадони мардуми мост.
Маҳз ба хотири арҷ гузоштан ба ин зироати табиӣ дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара рамзи «Хӯшаи гандум»-ро ифтитоҳ намуданд, ки он нишона аз фаровонии ин номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакатамон мебошад.

ДАР АКС: маросими ифтитоҳи рамзи «Хӯшаи гандум» дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 12 сентябри соли 2019.
Тавре сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Фахриддин Набизода иброз дошт, имрӯзҳо дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ босуръат идома дорад. Айни ҳол дар маъракаи ҷамъоварии ин зироат 97 адад комбайнҳо ба кор машғуланд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки аз тарафи Вазорати кишоварзӣ ситоди махсус ташкил карда шудааст, ки ба кишоварзон барои беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани дастранҷашон кумак мерасонад.
Маълум, ки ғалладонагӣ, аз қабили гандум, ҷавсар, лӯбиё, нахӯд, мош, шолӣ ва ҷуворимакка маҳсулоти хӯроки ҳаррӯзаи мардум дониста мешаванд. Аз ин рӯ вазорат талош дорад, ки кишти чунин зироатро дар мамлакат бештар намояд, то сокинони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати табиӣ тоза ва фоидаовар таъмин бошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ва тибқи нақша гузаронидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулот барои замистонгузаронӣ ва ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дастуру супоришҳо додааст.
Миёни минтақаҳои мамлакат, вилояти Хатлон барои парвариш намудани маҳсулоти ғалладонагӣ, аз қабили гандум созгор мебошад.
Бояд хотирасон намуд, ки дар мамлакат айни ҳол ҷамъоварии шолӣ шурӯъ гардидааст. Дар вилояти Суғд то имрӯз 35 гектар шолизор даравида шудааст.
Дар баъзе минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Мастчоҳ ва ноҳияҳои тобеи марказ ҷамъоварии ғалладонагиҳо то охири моҳи октябр идома меёбад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






