ДУШАНБЕ — ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ ДАР СОЛИ 2021. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ эълон карда шуд

Сентябрь 18, 2019 17:22

ДУШАНБЕ, 18.09.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Душанбе дар соли 2021 Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  мешавад. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви  ИДМ, ки дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид,  хабар дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки мақоми «Пойтахти фарҳангии ИДМ» ба ин ё он шаҳр бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дода мешавад. Чунин мақом ба пойтахти Тоҷикистон тибқи қарор Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2018 дода шудааст. Тибқи ин қарор ба ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ супориш дода шудааст, ки барои иштироки ҳайатҳои худ дар тадбирҳои вобаста ба татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» дар кишварҳои ҳамдигар мусоидат намоянд.

Ҳамзамон Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 2021-ро дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли меъморию шаҳрсозӣ эълон кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» соли 2011, ки Соли мероси таърихию фарҳангии ИДМ эълон кардида буд, таҳия ва қабул шудааст. Ҳадафи он – рушди ҳамкорӣ ва муттаҳидсозии зарфиятҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ мебошад.

Бо қарорҳои дахлдори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 2012 шаҳри Остона (Қазоқистон) ва шаҳри Марв (Туркманистон), соли 2013 шаҳрҳои  Габалаи Озарбойҷон, Гумрии Арманистон ва Могилёви Беларус, соли 2014 Алмаато (Қазоқистон) ва Ӯш (Қирғизистон), соли 2015 шаҳрҳои Воронежи Россия ва Кӯлоби Тоҷикистон,  соли 2016 шаҳри  Тошҳавзи Туркманистон, соли 2017 шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, соли 2018 шаҳри Ҳориси Арманистон, соли 2019 шаҳри Брести Беларус ва соли 2020 шаҳри Чимкенти Қазоқистон Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидаанд.

Сентябрь 18, 2019 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд