ДУШАНБЕ — ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ ДАР СОЛИ 2021. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ эълон карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Душанбе дар соли 2021 Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мешавад. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ, ки дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид, хабар дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки мақоми «Пойтахти фарҳангии ИДМ» ба ин ё он шаҳр бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дода мешавад. Чунин мақом ба пойтахти Тоҷикистон тибқи қарор Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2018 дода шудааст. Тибқи ин қарор ба ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ супориш дода шудааст, ки барои иштироки ҳайатҳои худ дар тадбирҳои вобаста ба татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» дар кишварҳои ҳамдигар мусоидат намоянд.
Ҳамзамон Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 2021-ро дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли меъморию шаҳрсозӣ эълон кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» соли 2011, ки Соли мероси таърихию фарҳангии ИДМ эълон кардида буд, таҳия ва қабул шудааст. Ҳадафи он – рушди ҳамкорӣ ва муттаҳидсозии зарфиятҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ мебошад.
Бо қарорҳои дахлдори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 2012 шаҳри Остона (Қазоқистон) ва шаҳри Марв (Туркманистон), соли 2013 шаҳрҳои Габалаи Озарбойҷон, Гумрии Арманистон ва Могилёви Беларус, соли 2014 Алмаато (Қазоқистон) ва Ӯш (Қирғизистон), соли 2015 шаҳрҳои Воронежи Россия ва Кӯлоби Тоҷикистон, соли 2016 шаҳри Тошҳавзи Туркманистон, соли 2017 шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, соли 2018 шаҳри Ҳориси Арманистон, соли 2019 шаҳри Брести Беларус ва соли 2020 шаҳри Чимкенти Қазоқистон Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидаанд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






