ДУШАНБЕИ ДИГАР. То ҷашни 30-солагии Истиқлолият намои беш аз 2000 биноҳои истиқоматии ҳудуди пойтахт таҷдид ва рангубор карда мешаванд

Сентябрь 13, 2019 10:16

ДУШАНБЕ, 13.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бахшида ба  30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷдиду рангубори намои 2224 адад биноҳои истиқомативу маъмурии ҳудуди  пойтахт ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин теъдод алҳол рангубору  таҷдиди  намои 622 адад иншоот дар пойтахт  ба анҷом расидааст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 76 адад, Сино 298 адад, Фирдавсӣ 115 адад ва Шоҳмансур 133 адад намои биноҳои  истиқоматию  маъмурӣ рангубор ва навсозӣ  гардиданд.

Тавре муовини якуми сардори Сарраёсати меъморӣ  ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Ҳусниддин Саидмуъминов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти  мамлакат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе  ва раисони ноҳияҳои шаҳр  19 июли соли 2017 аз  кӯчаву хиёбонҳои протоколии шаҳри Душанбе  дидан намуда буданд. Сарвари давлат  зимни  боздид  вобаста ба ислоҳи  камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар кӯчаҳои мазкур  ба масъулин  дастуру супоришҳо доданд. Дар асоси ҳамин дастуру супоришҳои Пешвои миллат   қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи  таҷдиди намои берунаи биноҳо, воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ ва буриши хиёбони А.Рӯдакӣ то буриши  кӯчаи А.Дониши шаҳри Душанбе»   ва «Дар бораи  таҷдиди намои берунаи биноҳо, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш  аз буриши кӯчаи М.Мастонгулов то буриши кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе» ба имзо расид.

Лоиҳаи таҷдиди намои биноҳои кӯчаҳои протоколӣ  аз ҷониби КВД  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва  лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» омода гардид.

Алҳол таъмиру таҷдиди  намои  биноҳо дар  кӯчаҳои протоколӣ — хиёбони Рӯдакӣ,  кӯчаҳои С.Айнӣ ва А.Дониш   ба анҷом расидааст.

«Тавре дар боло зикр кардем, ин лоиҳа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорону эҳсонкорон амалӣ мешавад. Танҳо ҳангоми таҷдиду рангубори намои биноҳое, ки дар ошёнаҳои 1–уми онҳо мағозаву дигар марказҳои савдову хизматрасонӣ ҷойгиранд, соҳибкорон, яъне соҳибони ин марказҳо  ҷалб мешаванд. Онҳо танҳо дару тиреза ва шишаҳои  мағозаву марказҳои худро  ба лоиҳаи тасдиқшуда  мутобиқ сохта, харҷи онро аз ҳисоби худ ба анҷом мерасонанд. Бояд зикр кард, ки дар вақти таҷдиду рангубори чандин  биноҳо  мо ба сокинон барои иваз намудани тирезаҳои чӯбини фарсудаашон ба тирезаҳои замонавӣ кумак расонида, онҳоро аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда иваз намудем»,- афзуд Ҳ. Саидмуъминов.

Шумораи аз ҳамаи зиёди биноҳои  рангуборшаванда дар ноҳияи Сино ҷойгир шудаанд, ки теъдоди  онҳо 1059 ададро ташкил медиҳад. Алҳол дар ин ноҳия рангубори биноҳо бо маром идома дорад.

Сентябрь 13, 2019 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд