ФУТБОЛ: имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо ҳам вомехӯранд

Сентябрь 10, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз,  10 сентябр   дастаи  футболи  мунтахаби   Тоҷикистон  дар  даври дуюми   марҳилаи  гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F»    дар меҳмонӣ бо  дастаи  мунтахаби Муғулистон бозӣ мекунад. Ин дидор   дар шаҳри  Улан Батор сурат мегирад. Оғози бозӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе муқаррар шудааст. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон   шарҳ медиҳад.

5 сентябр бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни  дастаҳои  мунтахаби   футболи  Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  бо  иштироки    мухлисони сершумори  футболи тоҷик  дар сатҳи баланду  хотирмон  баргузор шуд. Дар ин  рақобати ҷолиб футболбозони   тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба ҳадаф  расонид.

Баъди сипарӣ шудани даври якум дар гурӯҳи «F» дастаи  мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Дастаи  мунтахаби Муғулистон низ се хол дораду дар ҷои дуюм қарор гирифтааст. Дар  13 бозие, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом додаанд, дар ҳашт бозӣ футболбозони мо ғолиб омада, се дидор бо пирӯзии футболбозони қирғиз хотима ёфт ва ду бозӣ мусовӣ шуд.

Дар тамоми ин бозиҳо футболбозони Тоҷикистон ба дарвозаи Қирғизистон 19  гол зада, 11 тӯб ба дарвозаашон сар додаанд.

Хотиррасон  мешавем, ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022

Марҳилаи интихобии Осиё. Даври дуюм

Гурӯҳи «F»

Даври  1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Алишер Ҷалилов, 42.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Хуршед Бекназаров, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 89), Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев (Комрон Турсунов, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 87).

Қирғизистон: Павел Матяш, Темирлан Козубаев, Азамат Бойматов, Эдгар Бернхардт, Мирлан Мурзаев, Бекжан Сагинбаев, Кайрат Жиргалбек, Виталий Люкс, Бактияр Дуйшобеков (Абай Боколеев, 69), Фархат Мусабеков (Алимардон Шукуров, 76), Аҳлидин Исроилов (Турсуналӣ Рустамов, 46).

Огоҳӣ: Кайрат Жиргалбек, Азамат Бойматов, Темирлан Козубаев (Қирғизистон).

Бозингари беҳтарин: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон).

Сардовар: Адҳам Муҳаммад Маҳадмеҳ (Урдун).

Нозири доварон: Кадхум Ауда Лазим Ал-Саидӣ (Ироқ).

Комиссари бозӣ: Бачир Чафик Абдул Холиқ (Лубнон).

Муғулистон – Мянма – 1:0
Гол: Дулгуун Амараа, 17.

Бозиҳои оянда:

Даври  2-юм

10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон – Тоҷикистон

Мянма – Япония

Даври 3-юм

10 октябр (панҷшанбе)

Япония – Муғулистон
Қирғизистон – Мянма

Даври  4-ум
15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон  – Япония
Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянма – Тоҷикистон

Қирғизистон – Япония

Даври  6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянма – Муғулистон

Даври  7-ум

26 марти 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон  – Муғулистон
Япония – Мянма

Даври 8-ум

31 марти 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Япония
Мянма – Қирғизистон

Даври  9-ум

4 июни 2020 (панҷшанбе)

Япония – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври  10-ум

9 июни 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон  – Мянма
Япония – Қирғизистон

Сентябрь 10, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд