ИН ХАЛҚ ҲАЗОРОН СОЛ ПЕШ ҲАМ «ТОҶИК», ИН ЗАБОН ҲАЗОРОН СОЛ ПЕШ ҲАМ «ТОҶИКӢ» НОМ ДОШТ! Дар шумораи нави «Садои Шарқ» мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим алайҳи мункирон ва намакноошноёни халқи худ ва забони худ ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 04.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Бузургони мо медонанд, ки забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз 3000-сола дорад ва ба ин забон дар ҷаҳони имрӯза зиёда аз 30 миллион одамон сухан меронанд. Мегӯянд, ки ҳар як миллат бояд забони худро дошта бошад ва ин барои мустақилият ва соҳибистиқлолии давлат яке аз унсурҳои асосӣ мебошад, мисли фарҳанги миллӣ, пули миллӣ, сарҳади давлатӣ ва ғайра.
Муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи муҳаббат ба Ватан аст. Мутаассифона, имрӯз дар дохил ва хориҷи кишварамон ба ном «равшанфикрон» ва «муҳаққиқоне» ҳастанд, ки ин ҳамаро нодида мегиранд, ба ин ҳама шак меоранд, забони модарии худро забони мустақил намеҳисобанд, зеро аслан ба он ҳурмат надоранд, таърихи онро дуруст наомӯхтаанд, ба халқу Ватан эҳтироми бардурӯғ доранд.
Мақолаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Низом ҚОСИМ, ки дар шумораи №8 имсолаи маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расидааст, «мушти обдоре» ба даҳони бефаровези ин гуна «маҳаққиқон» аст.
Инак, он мақола, ки онро метавон дастовези муносибе ба ҷаши Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.
Ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки номи
забону давлаташро бо дарки масъулият муаррифӣ намояд ва онҳоро
чун гавҳараки чашм ҳифз созад. Мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик»,
«забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти
тоҷикӣ»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли
ҷони хеш дӯст дорем ва бо ифтихор ба забон оварем.
Эмомалӣ Раҳмон
Солҳои 1984-85 буд. Дар чойхонаи «Роҳат» нишаста будем, ки дӯсти бисёр сермутолиа ва аз адабиёту санъати ҷаҳон басо огоҳамон Раҳмон Остон омад. «Сари роҳ ба «Академкнига» даромадам, барои ҳамин дер кардам, – сабаби таъхирашро шарҳ дод ӯ. – Як китоби ҷолиб ёфтам – намунаи нахустини адабиёти бадеӣ ба забони туркӣ».
Баъди соате мо, чанд нафар дӯстони ҳамшину ҳамбин, дар магазини машҳури китоб будем. Китобе, ки дӯсти воқеан китобдӯстамон тавсия мекард, «Благодатное знание» («Маърифати саодатофар») ном дошт ва тарҷумаву таҳқиқи достони эпикию дидактикии шоиру донишманди аҳди Қарохониён Юсуфи Балосоғунӣ «Қутадғу билиг»-ро дар бар мегирифт. Он воқеан китоби ҷолиб буд ва шахсан маро бо тарҷумаи бисёр зебову фаҳмои Сергей Иванов ва шарҳу тавзеҳи амиқи таъриху истилоҳоту рамзу ишораҳо, ки академик Андрей Кононов анҷом дода буд, ҷалб намуд.
Таълифи «Кутадғу билиг» ба солҳои 60-и асри 11, ба давраи шукуфоии адабиёти тоҷику форс, анқариби замони зиндагии пурфайзу эҷоди пурбори намояндагони бузурги он, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсию «Шоҳнома»-и бемисолу безаволаш, рост меомад ва, азбаски муаллиф худ дар забони туркӣ аввалин будани осорашро возеҳу равшан зикр кардааст («А нашею речью сия – лишь начало»), аён буд, ки аз таъсири адабиёти аллакай рӯдакидору дақиқидору фирдавсидори тоҷику форс бебаҳра набудааст.
Ин ва дигар ҷиҳатҳои ҷолибу сазовори таваҷҷуҳи муҳаққиқони пайвандҳои адабии тоҷикону халқҳои туркзабон дар ин китоб кам нестанд. Вале манзури мо дар ин навишта дигар аст. Чаро баъди 34-35 сол маҳз куҳантарин достони туркӣ ба ёд омад?
Чандест, ки гурӯҳе дар баъзе нашрияҳои «озод» ва шабакаҳои «ҳар касу дави аспаш»-и Интернет оташи баҳси «тоҷик»-у «забони тоҷикӣ» ва «форс»-у «забони форсӣ»-ро доман зада истодаанд. Аксари онҳо, бе ягон далелу мисолу исбот, даъво доранд, ки истилоҳҳои «тоҷик»-у «забони тоҷикӣ» азалан вуҷуд надоштанд ва мо аслан «форс»-ему забонамон қатъиян «форсӣ»-ст. Ин намакноошноёни халқи худу забони худ, бо инкори мавҷудияти халқу забони модарии хеш, дониста ё надониста, ба осиёби панэронизми наву пантуркизми нав об мерезанд ва ба захмҳои акнун каме таскинёфтаи чашмони абадӣ сӯи хирад бози устод Рӯдакӣ ва пушти чун пуштбони ҷовидони забону адабиёти тоҷик рости устод Айнӣ ҳадафмандонаву бераҳмона боз мил мекашанду намак мепошанд. Нафаре аз онҳо ҳатто даъво дорад, ки «тоҷик»-у «забони тоҷикӣ» эҷоди шӯравии «истилогар» аст ва то вуруди он ба ин сарзамин чунин истилоҳҳоро гӯше нашунида буд! Оҳанги пантуркизми аввали асри бистро дар ин суханони ворисони ақидаву мавқеъашон эҳсос мекунед?!
Маҳз ҳамин даъвои ҳангомахоҳонаи бебунёду муғризона китоби дақиқбаёну амиқмазмуни Юсуфи Балосоғунӣ «Благодатное знание»-ро ба хотир овард ва водор намуд, ки таваҷҷуҳи хонандаи азизро бори дигар ба он асари хонданиву монданӣ ва муъҷазу беғарази бостон ҷалб бикунем.
Инак, ба китобе, ки бешукам ҳазор сол қабл, аз ҷониби адиби туркзабон, бо лафзи туркии қарохонӣ навишта шудааст, рӯ меорем.
Аллакай дар саҳифаи 11, дар байти 73 мехонем:
Да, книг у арабов, таджиков немало,
А нашею речью сия – лишь начало.
Яъне, арабҳову тоҷикҳо чунин китобҳои хонданиву монданӣ зиёд доранд, вале ба забони туркӣ ҳамин достон аввалини чунин китобҳост.
Таваҷҷуҳ кунед ба ин байт дар транскрипсияи асл ва тарҷума ба забони ӯзбекӣ:
Ъарабча, тожикча китаблар окуш,
Бизин тилимизча бу йумғи уқуш.
(саҳ.58)
Арабча, тожикча бундай китоблар талайдир,
Бизнинг тилимизда эса бу жамланган заковатдир.
(саҳ.59)
(Байтҳо ба забони асл ва тарҷумаи ӯзбекӣ аз чопи илмии «Қутадғу билиг», ба нашр тайёркунанда – номзади илми филология Қаюм Каримов. Тошкент, нашриёти «Фан», 1971.)
Мо аз ин эътирофи ҷавонмардона, албатта, мамнуну миннатдорем, лекин ҳаргиз бар он нестем, ки бародарони ҳамҷавору ҳамтаърихи туркнажоди мо то Юсуфи Балосоғунӣ, ки ба гуфти Чингиз Айтматови бузург барҳақ классики адабиёти ҳамаашон ҳисоб мешавад, шоире ва то «Қутадғу билиг» китобе надоштанд. Баракс, ҷонибдори он ақидаем, ки истилогарони араб ёдгориҳои фаровони таърихию адабии халқҳои мусулмонкардаашонро нобуд ва ё манъ намуданд, чунон манъ, ки ҳама фаромӯшу гумном шуданд ва дар он миён ҳатман осоре ба забони халқҳои туркнажод ҳам мавҷуд будааст. Агар чунин намебуд ва ин халқҳо заминаву собиқаи адабие намедоштанд, якбора пайдоиши асари амиқмундариҷаву ҷолиббаёни бадеие ба мисли достони Юсуфи Балосоғунӣ «Қутадғу билиг», ки шомили беш аз 13 ҳазор мисраъ аст, ҳеҷ имкон надошт. Яъне, агар ин мазрааи боровар қаблан гулу гиёҳҳо намерӯёнд, якбора рӯиши боғе ба чунин сарсабзиву тароват ва ороишу пероиш номумкин буд.
Дар замони софмардоне чун Юсуфи Балосоғунӣ, хушбахтона, покии ахлоқу рафтори ҷавонмардона ва эҳтироми сухану беғаразии иншо, чӣ дар байни адибони турку чӣ дар миёни удабои тоҷик, меъёри адабиёти асил буд, вабоҳои маънавие чун пантуркизму панэронизм, ки ҳамеша аз ҷониби зархаридони пӯсидарешае гарм истиқболу тарғиб мешуданд ва чунин инкори берӯёнаи забону миллати худ ҳанӯз вуҷуд надоштанд ва ҳатто ба гӯшаи хотире ҳам намеомад, ки чизи бударо рӯирост инкор кардан мумкин аст ва чунин иқрорҳои воқеии ҷавонмардона, ки намунаашон зикр гардид, мояи тааҷҷубу ҳайронӣ набуданд.
Юсуфи Балосоғунӣ дар «Благодатное знание» воқеънигоронаву ҷавонмардона иқрор кардааст, ки бунёди китобаш бар фармудаҳои ҳакимони Чину Мочин аст. Даъвои он нобарҷост, ки Мочини рамзии шоир куллан адабиёти дар он замон, ба эътирофи худи муаллиф, аллакай пуркитоби тоҷику форс аст. Лекин, аз назари мо, бе ин ҳам нест. Бо назардошти ду ҷиҳат – то Юсуфи Балосоғунӣ маълум набудани турксарои дигаре ва, баракс, то он замон ва дар давраи қарохониҳои ирқан турк ҳам рушди устувор доштани забону адабиёти тоҷикӣ-форсӣ (нигаред ба асари машҳури Е.Э.Бертелс «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ») – баъзе муҳаққиқон, аз ҷумла тарҷумони китоби мавриди назар С.Н.Иванов, ҳатто бар онанд, ки шояд муаллиф ҷо-ҷо «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ба забони туркӣ баргардон карда бошад. Ин, албатта, аз назари аввал, яъне ҳанӯз тахмину гумон аст ва исботаш тадқиқи амиқ мехоҳад. Ҳарчанд ки бузургоне чун Е. Э. Бертелс, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кардаанд, сарчашмаи бадеияти достони мазкурро, дар радифи эҷодиёти шифоҳии халқҳои туркзабон, адабиёти тоҷику форси қарнҳои 9-10 донистаанд. Оре, тадқиқу таҳқиқи мушаххас мебояд, лекин борҳо зикр шудани вожаҳои «тоҷик», «забони тоҷикӣ», «Рустам», «Фаридун», «Афросиёб», «Анӯшервон» дар ин достони бузург касро беихтиёр ба ин фикр моил месозад.
Аз ҷумла:
Взгляни, почему посрамлен был Заххак,
За что Фаридун удостоился благ.
Мисоли дигар:
Да имей я пылающий меч, как Хайдар,
Или славы Рустама немеркнущий дар…
Оҳангҳои паҳлавонӣ, размхоҳӣ, адлу инсоф ва сахову ҷавонмардии «Шоҳнома» дар саросари достони Юсуфи Балосоғунӣ эҳсос мешавад. Шоир бо илҳоми саршор қаҳрамони достонҳои шифоҳии бостонии халқҳои туркнажод – Алп Тонгро васф мекунад, ки беихтиёр тавсифҳои «Шоҳнома»-ро ба ёд меорад:
Среди тюркских беков есть множество славных,
Славней они многих владык придержавных.
Меж них есть прославленный муж – Алп Тонга,
И всем его слава вовек дорога.
Велик был сей избранный, доблестью славен,
Умом и премудростью был он державен.
И сколько столь доблестных, сильных и властных,
Сей мир превращает в навеки безгласных!
Ва дар идома боз як нуқтаи пайванд бо «Шоҳнома»-и бемисолу безавол ва мавзӯи суҳбати мо:
Таджики его Афрасиябом зовут,
Когда он возглавил свой поданный люд,
Ему подобало быть мудрым и смелым,
Чтобы власть укрепить над бескрайным пределом.
Барои эътимоди бештари шубҳабойҳо боз ба асли асар ва тарҷумаи ӯзбекӣ рӯ меорем:
Тожиклар айур аны Афрасийаб,
Бу Афрасийаб тутты эллар талаб,
Эди артуқ эрдам кэрак-ул билиг,
Орун тутғуқа отру сунса алиг.
Тожиклар уни Афрасиёб деб атайдилар,
Бу Афрасиёб элларни ӯз тасарруфига олиб тутди.
ӯта ортиқ санъат (ва) билим лозим,
Сунг жаҳон тутишга қӯл сунса (булади).
(Чопи Тошканд, саҳ. 102-103)
Кӣ он паҳлавони бостониро «Афросиёб» номидаву васф кардааст? Албатта, Фирдавсии бузург. Яъне, дар замони Юсуфи Балосоғунӣ дар қаламрави бузурги сулолаи қарохониён Фирдавсию халқи Фирдавсиро «тоҷик» мегуфтаанд!
Дар идомаи ин пора Юсуфи Балосоғунӣ бо ҳамон ғурури фирдавсиёна, ки суханро аз ҳама ганҷи ҷаҳон волотар медонист, низ қудрати сухани шоирро зикр мекунад. Яъне, сухан аст, ки паҳлавонону корномаҳояшон ва шоҳону тахту тоҷашонро дар ёду хотири наслҳову таърих ҷовидона месозад.
Таджиками он в письменах восхвалён,
Иначе кому бы известен был он?
Асл:
Тожиклар битигда битимиш муны,
Битигда йоқ эрса ким уқғай аны.
Тарҷумаи ӯзбекӣ:
Тожиклар уни китобда ёзиб қолдирганлар,
Китобда булмаса, уни ким биларди.
(Чопи Тошканд, саҳ. 102-103)
Магар ин байт ҳамоно сатри саризабонии «Манаш кардаам Рустами Достон…»-ро ба ёд намеорад?
Аз ҷониби дигар Юсуфи Балосоғунӣ, чун шоири оқилу инсони одил, аз тоҷики хирадманду хирадсаро – Абулқосим Фирдавсӣ миннатпазир аст, ки тавассути асари мондагор қаҳрамони достонии мардумаш – Афросиёбро ҷовидона кардааст.
Дар ҳақиқат, нишонаҳои огоҳии комил ва мафтунии тамоми Юсуфи Балосоғунӣ аз забони тоҷикиву адабиёти тоҷику форс дар саросари китоб мушоҳида мешавад. Таваҷҷуҳ кунед, ки шоир бо чӣ дилбастагии самимона месарояд:
Послушай, что сказано мудрым таджиком,
А мудрость таджиков в почете великом!
Асл:
Неку тэр эшитгил тожик билгеси,
Тожик билгелери жавиқар куси.
Тарҷумаи ӯзбекӣ:
Тожик донишманди нима дейди, эшитгин,
Тожик донишмандлари (нинг) овозаси таралади.
(Чопи Тошканд, саҳ. 510-511)
Ин ҷо на танҳо мафтунии шоири бузург аз «тоҷики хирадманд»-у «хиради тоҷикон» равшан аён аст, балки дар идома ҳосили он «хиради тоҷиконаи тоҷики хирадманд» меояд, ки бӯи «Шоҳнома»-и безавол дорад. Ман шахсан «мудрый таджик»-и Балосоғуниро ҷуз Фирдавсии хирадманд намедонам!
Ҷиҳати дигаре, ки ба илҳому руҷӯи Юсуфи Балосоғунӣ аз адабиёти тоҷику форс ишора мекунад, пораҳои фаровоне дар қолаби рубоиянд. Собит аст, ки жанри рубоӣ ихтирои шоирони тоҷику форс аст ва бузургтарин рубоисароён ҳам, аз устод Рӯдакӣ сар карда, тоҷик будаанд. Ин нуқтаи дигари пайванди достони бошукӯҳи Юсуфи Балосоғунӣ бо адабиёти мост, ки низ тадқиқ мехоҳад. Маҳз таҳқиқи амиқе дар ин замина муайян карда метавонад, ки рубоиҳои ба достони маснавибофти Юсуфи Балосоғунӣ воридшуда моли худи шоири бешак қудратманданд ва ё, ба қавли тарҷумони «Қутадғу билиг» Сергей Иванов, «тарҷума аз форсӣ-тоҷикӣ».
Боз чанд сухан дар ҳамин маврид. Муаллифи «Благодатное знание» менависад:
Паслось слово тюрков оленем нагорным,
А я приучил его, сделал покорным.
Яъне ӯ – Юсуфи Балосоғунӣ, аввалин касест, ки «оҳуи кӯҳӣ»-и (ба ёд биёред – яке аз нахустнамунаҳои шеъри тоҷику форс ҳам «Оҳуи кӯҳӣ»-ст!) лафзи туркиро рому дастомӯз кард. Ин гуфта фикреро тақвият мебахшад, ки то Юсуфи Балосоғунӣ халқҳои туркнажод осорашонро шифоҳӣ эҷоду нашр мекарданд ва мазкур аввалин касест, ки бо ин гурӯҳи забонҳо асари мукаммалу хаттии бадеӣ офаридааст.
Манзури ин навиштаи мо «тоҷик»-у «забони тоҷикӣ» буд ва, инак, муддаиёни «сохтаи замони шӯравӣ» будани ин мафҳумҳои муқаддас ва он тоҷиконе, ки дар доираи аниқи таълимоти пантуркистону панэронистон худро «форс» ва забони худро «форсӣ» медонанд, инро ҳам бидонанд, ки дар саросари ин асари туркии асри 11 калимаи «тоҷик» («тоҷикӣ»), то ҷое, ки чашми заифи мо дид, панҷ бор (байтҳои 73, 280, 383, 3265) такрор шуда ва ҳамеша бо эҳтирому мафтунию муҳаббати тамом! Ва боре ҳам калимаи «форс» ё «форсӣ» наомадааст! Шояд ин мункирони халқи худу забони модарии худ тарҷумаву тадқиқҳои дар рӯҳияи пантуркизм суратгирифтаи «Қутадғу билиг»-ро дастак карда, даъвои бебунёду авомфиребиашонро идома бидиҳанд. Чунки, мутаассифона, кам набуданду нестанд равияҳову касоне, ки чун ин ҷанобони бесавод сояи тоҷикро аз девор тарошидан мехоҳанду номашро аз китобҳо. Масалан, ҳамон байте, ки чопи нашриёти «Наука»-и Москва, соли 1983 ва, албатта, нашри илмии Қаюм Каримов (Тошкент, «Фан», 1971) равшану саҳеҳ «тоҷик» зикр кардаанд, дар баргардони Ваҳоб (?) Раҳмонов ва Абдулҳамид Пардаев «аз туркии қадим» (Юсуф хос Ҳожиб. «Қутадғу билиг», Тошканд, 1971) чунин омадааст:
Арабий ҳам, форсий ҳам, мӯл бундай китоб,
Яратдим ҳам туркий шоҳ асар шитоб.
Дар китоби «Наука быть счатливым» (тарҷумаи Н. Гребнев, Ташкент, 1963) ин байт на танҳо бо таҳрифи калимаи «тоҷик» омадааст, балки боз ҳам муғризона (барои ҳаққи бештари қалам, ки ҳадафи чунин тарҷумонҳо буд) ба чор мисраъ табдил ёфтааст:
В руках у мудрецов пребывало
Арабских и персидских книг не мало,
Но эта книга – первая из книг,
В которой тюрки слышат свой язык.
Аён аст, ки тарҷумон аз асли асар ғофил будааст ва кӯр-кӯрона ё дидаву дониста, муғризона таҳтуллафзи баргардонандагони бевиҷдонеро, ки намунаашонро дидем, тарҷума кардааст.
Воқеан, дар ҳар замону макон муҳаққиқу донишмандони ҳақиқие буданду ҳастанд, ки асли асар, ҳақиқати таъриху адабиёт барояшон аз ҳама чиз болост. Аз ҷумла, дар нашри мазкури илмии «Кутадғу билиг» (бо транскрипсияи матни асл ва тарҷума ба забони ҳозираи ӯзбекӣ), ки Қаюм Каримов дар асоси дастхати намангонии асар ба нашр омода кардааст (Тошканд, нашриёти «Фан», 1971), ин байт чунин омадааст:
Ба забони туркии қадим:
Ъарабча, тожикча китаблар окуш,
Бизин тилимизча бу йумғы уқуш.
(саҳ. 58)
Ба забони ӯзбекии муосир:
Арабча, тожикча бундай китоблар талайдир,
Бизнинг тилимизда эса бу жамланган заковатдир.
(саҳ. 59)
Муқоиса кардед? Дидед, ки гурӯҳе чӣ хел бешармонаву бевиҷдонона муаллифи қадимро таҳрифу тасҳиф ва ақидаҳои тоҷикбадбинонаашонро нашр кардаанд? Ин ҷо натанҳо ҳамон пантуркизму панэронизми мункири ҳама чизи тоҷикӣ аён аст, балки инкору иттиҳоми бузургтарин шарқшиносону тарҷумонҳои русу ӯзбек ва дигар халқҳо, ки ҳамешаву содиқона бо забони аслу асли осор кор доранд ва беғаразона воқеиятро мегӯянду асарро айнан тарҷума мекунанд, ба чашм мерасад.
Маҳз чунин «баргардонҳо»-ву навиштаҳои таҳрифкорона водор намуданд, ки нусхаи асли асари Юсуф Балосоғунӣ «Қутадғу билиг»-ро аз Интернет биёбему гуфтаҳои воқеии нахустшоири бузурги туркисароро бихонем.
Қаблан ба як нуктаи басо борики муҳаққиқи достон академик Кононов таваҷҷуҳ кунед, ки дар мавриди сатри «Да, книг у арабов, таджиков немало…» мегӯяд: «Ин ҳарфест, ки бояд чунинаш шарҳ дод: ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ китобҳо зиёданд…» Бо ин гуфта академики оқил ба асли асар ишорат намуда, маҳз мавриди назари шоир будани забонҳоро (на халқҳоро, чунон ки дар тарҷумаи С.Н. Иванов омадааст) таъкид менамояд. Хоҳишмандон имкон доранд, ки асли ин байтро ҳам дар чопи академӣ ва ҳам интернет пайдо намоянд.
Чунон ки мебинем, дар нусхаи асл воқеан забонҳо зикр шудаанд ва, чун дар дигар мавридҳо, номи халқу забони миллати мо на ба лаҳни туркӣ, ки «тожик» ё «тожикча» талаффуз мешавад, балки «тоҷик» ва «тоҷикча» омадааст. Яъне, бар рағми иддаои «форс»-ҳои навбаромади дарбадари кишварҳову созмонҳои тоҷикбадбин ҳанӯз ҳазор сол пеш натанҳо тоҷикро чун халқ медонистанд, балки забонашро чун имрӯз «тоҷикӣ» мегуфтанд.
Барои эътимоди бештар ба ин ақида байтҳои мазкурро бо ҳуруфи ниёгон, транскрипсияшонро бо ҳарфи лотинӣ ва тарҷумаашонро бо забони русӣ дидану хондан кофист.
Хулоса ҳамин аст, ки ҳазор сол пеш муаллифе дигарзабону дигарфарҳанг, аммо оқилу одил, бо эҳтироми афзун ва батакрор мардуми тоҷику забони тоҷикиро зикр кардааст. Албатта, дар умри як наслу ду насл пайдову устувор ва ба ин дараҷа соҳибмақому соҳибэҳтиром шудани халқеву забоне имконнопазир аст. Аз ин рӯ, бо бовари тамом метавон гуфт, ки тоҷик халқи қадимиву соҳибватани Осиёи Миёна ва забонаш бо ҳамин номи шариф ҳазорон сол боз барҷову барпову гӯё будааст. Ва аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо ҳиммату заҳмати пайвастаи Пешвои ватанпарвару миллатдӯсти ин халқу ин сарзамин, кишваре бо номи Тоҷикистон, халқе бо номи тоҷик ва забоне бо номи тоҷикӣ ҷовидона барқарору устувор ва хори чашми кӯрдилону тангназарон буданду ҳастанду хоҳанд монд.