Иштирокдорони марафон-корвони ҷип тур ва дучархаронии сайёҳӣ аз мавзеъҳои нотакрори Тоҷикистон дидан мекунанд
ДУШАНБЕ, 27.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати хизматрасонии «Рахш таксӣ» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27 сентябр дар саросари олам таҷлил карда мешавад, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 27-29 сентябр «Марафон — корвони ҷип тур ва дучархаронии сайёҳӣ тибқи хатсайри Душанбе – Ромит – Норак – Данғара – Темурмалик – Балҷувон – Ховалинг – Кӯлоб – Восеъ — Душанбе»-ро баргузор менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, марафони мазкур имрӯз ифтитоҳ гардида, дар он роҳбарияти Кумита, ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои соҳавии сайёҳӣ, сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, инчунин воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
«Марафон-корвони ҷип тур ва дучархаронии сайёҳӣ тибқи хатсайри Душанбе-Ромит–Норак-Данғара-Темурмалик-Балҷувон Ховалинг-Кӯлоб-Восеъ-Душанбе» давоми се рӯз идома ёфта, иштирокчиён аз манзараҳои нотакрор, аз ҷумла маҷмааи сайёҳии «Арху»-и шаҳри Ваҳдат, обанбори шаҳри Норак, мавзеъҳои сайёҳии ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Восеъ, Балҷувон, Ховалинг ва «Гӯшаи Париж»-и Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб дидан мекунанд»,- илова намуд манбаъ.
Мақсад аз баргузории корвон ва марафони велосипедронии сайёҳӣ, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи иқтидорҳои сайёҳӣ ва муаррифии ҳаматарафаи он, таҳияи хатсайрҳои нави велосипедронӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила ҷалби омма ба сайёҳии экологӣ, саргузаштӣ ва велосипедронӣ мебошад.









Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд






