ИСТИҚЛОЛИЯТ – ҶАВҲАРИ ПУРИФТИХОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Он миёни ҷашнҳоямон мақом ва ҷойгоҳи махсус дошта, ҳамасола қимати таърихиаш меафзояд

Сентябрь 2, 2019 10:17

ДУШАНБЕ, 02.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихи тамаддуни олам дар масири бунёду эҳёи давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки танҳо миллат ва ё қавме ба таври доимиву мудом дорои обрў ва манзалати хосса мегардад, ки таҳдоби номаи тақдирашро танҳо бо дастони хеш эҷод ва иншо карда бошад», — навиштааст Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир РАҲМОНЗОДА зимни як нигориш бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба АМИТ «Ховар» фиристондааст.

Дар зер матни пурраи онро пешниҳоди хонандагон менамоем.

Зоир Раҳмонзода — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе

Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихи тамаддуни олам дар масири бунёду эҳёи давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки танҳо миллат ва ё қавме ба таври доимиву мудом дорои обрў ва манзалати хосса мегардад, ки таҳдоби номаи тақдирашро танҳо бо дастони хеш эҷод ва иншо карда бошад.

Сареҳияти фаротари комил, шарафу номус, боварию садоқат, ибтикору ташаббус ва авлавияти манфиатҳои муҳими миллату Ватан моро дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ, бо азхуднамоии арзишҳои деринаи худ минҳайси як давлати воҳиди мустақилу бостон соҳиби мақому мартабаи хос гардонида, тоҷикон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст оварданд. Ин санаи муҳиму арзишманд дар таърихи давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, баробари эълон гардидани он ба рушду инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устувор гузошта шуд.

Дар ин муддат вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимову фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрўзанд. Андеша ва садоқати азалии фарзонафарзанди миллати тоҷик, дар симои шахсияти абармарди олами сиёсии ҷаҳон тавонист дар ҳассостарин лаҳзаҳои душвори таърихӣ ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад.

Албатта, асноду далел ва воқеияти рўзгори аслӣ дар ин самт муайян намуданд, ки мамлакати мо барои расидан ба истиқлолияти комили сартосарӣ якчанд монеаҳои душвору сангинро паси сар намуд. Бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои арзишманди таърихӣ ва ибтикороти Меъмори сулҳ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудан бамаврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар ин муноқишаҳои бесару нӯги дохилӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои фарҳангу хиради баланди азалӣ ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пойдор буданд, ҳастанд ва мебошанд.

Табиист, ки миёни ҷашнҳои миллии мо Рўзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсус касб намудаву сол то сол қимати таърихиаш рў ба афзоиш дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон яке аз рӯйдодҳои муҳиму нодири таърихи навини давлатамон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ёдовар шудан бамаврид аст, ки табиатан заминаи соҳибихтиёрии сартосарӣ ба дӯши давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок гузошт.

Сабақи ибатомўзи таърих, гузаштаи пурифтихор ва афзалиятҳои давлатдории навини миллӣ, бо таваҷҷуҳ аз таҷлили ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат шурўъ аз 1100-солагии давлатдории Сомониён то бузургдошти Соли тамаддуни ориёию 3000-солагии Ҳисори бостон боиси омўзишу қадршиносии ҳар яки мо буда, сархати роҳи устувори ояндабинӣ ва арзишҳои неки давлатдории миллиамонро муайяну бозкушоӣ намуд. Муҳимтар аз ҳама, роҳандозии чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва бузургдошти шахсиятҳои содиқи таърихиву сиёсӣ ва илмиву адабӣ имкон медиҳад, ки бори дигар мардуми сарбаланди тоҷик решаҳои худро аз гузаштаҳои дур дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намуда, устувор гардонанд.

Мусаллам аст, ки навсозӣ ва эҳёи Тоҷикистони навин аз макони муттаҳидсозандаи тоҷикони ҷаҳон- пойтахти давлати азизамон-шаҳри Душанбе оғоз шудаву дар як муддати хеле ками таърихӣ ва махсусан ду соли охир бо бунёди маҷмўи васеи иншооти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ ва эҳёи боғу гулгаштҳои муосир симои худро боз ҳам зеботару дилоротар гардонид.

Албатта, ҷойи ҳеҷ шакку шубҳаи дигаре нест, ки бо дарки воқеияти ҷомеи муосир, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик давоми 28 соли соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдории миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуданд. Новобаста аз вазъи ноороми мамлакат ва заъфи имкониятҳои мавҷуда, дар давлати мо таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдӣ вусъати тоза гирифта, тавассути заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар ба як давлати рў ба инкишофу тараққӣ мубаддал гардидааст.

Дар ин масир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббус ва рафъи мушкилоти масоили умдаи сайёра таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаву абармарди раҳнамунсозаш мақому манзалати муносибе пайдо намуд. Воқеияти аслии дигаре, ки тавассути истиқлолияти давлатӣ барои рушду тавсеаи он имкониятҳои мусоид фароҳам сохт, ин мустаҳкаму устувор намудани пояҳои фарҳанги миллӣ бо иҷрои арзишҳои неки анъанаҳои ниёгонамон мебошад.

Асри ХХI, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ мебошад, ба неруи офарандаву созанда, ҷӯяндаву навовари миллати тоҷик ва ҷавонони бо нангу номуси он аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Маҳз мардуми соҳибфарҳанг ва ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод метавонанд хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд.

Бо таваҷчуҳ ба амалисозии омилҳои зикргардида ва дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонону наврасон инкишофу тақвият бахшида, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри нав эмин нигоҳ дорем. Зеро маҳз тавассути соҳибистиқлолии Ватан рушди иқтисоди миллии мо ба марҳилаҳои сифатан нав расида, ба дурнамои устувори бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устувор фароҳам овард.

Мояи ифтихор ва зикри махсус аст, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе давоми соли равон шоҳиди баргузории якчанд ҳамоишу конфронси сатҳи баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити  Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил”   ва   нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» буд, ки  ҳар кадоме аз онҳо мазмуну муҳтаво ва аҳамияти глобалӣ барои минтақа ва ҷаҳон доранд.

Табиист, ки бозтоби Саммит ва чорабиниҳои зикргардида бо муаррифии манзараҳои зебои Ватан дар заминаи солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақому манзалати давлати моро дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам афзунтар хоҳад намуд.           Мусаллам аст, ки имрўзҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ  дар саросари шаҳру ноҳияҳо вусъати тоза касб намуда, татбиқи сифатноки онҳо бо маром идома дорад.

Дар маҷмӯъ,  метавон гуфт, ки дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон тўли солҳои соҳибистиқлолӣ қобили мулоҳиза ва зикри махсус мебошанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи ибратомўзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷой орад, ба қадри ин неъмати бебаҳои умумимиллӣ — Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро гузорад.

Зоир РАҲМОНЗОДА,
Раиси Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои иқтисодӣ 

 

Сентябрь 2, 2019 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд