МАҲЗ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗРО ҶАҲОНӢ ГАРДОНД. Дар арафаи ҷашни миллиамон китоби «Наврўз дар Ўзбекистон»-и Равшан Раҳмонӣ ба нашр расид

Сентябрь 5, 2019 16:07

ДУШАНБЕ, 05.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон китоби нави профессор Равшан Раҳмонӣ бо номи «Наврўз дар Ўзбекистон» ба нашр расидааст. Китоби мазкур оид ба таҷлил намудани ҷашни Наврӯз дар давлатҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон нақл карда, барои таҳкими дўстии халқҳои тоҷику ўзбек асари арзишмандест. Он хонандагонро бо лаҳзаҳои ҷолиби ин ҷашни бостонӣ ва ҷаҳонӣ шинос месозад.

Дўстии тоҷикон ва ўзбекҳо асрҳост, ки пайванди ногусастанӣ дорад. Ин пайванд дар расму оин, урфу одат, маросим, ҷашнҳо, тарзи пўшидани либос, пухтупаз ва ғайра дида мешавад. Наврўз яке аз он ҷашнҳост, ки дар байни тоҷикону ўзбекҳо дар ин ду давлати бо ҳам дўст аз замонҳои қадим таҷлил мегардад. Дар ҳар ду мамлакат маросим ва ҷашнҳои тоҷикону ӯзбекҳо ончунон омезиш ёфтаанд, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан мушкил аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар «Шоми дўстӣ» моҳи марти соли 2018 ишорат бар он карда буданд, ки олимон ва адибон бояд оид ба дўстии муштараки ин мардумон  асарҳо нависанд. Аз ҷумла, вобаста ба ҷашни Наврўз гуфта буданд:

«Бисёр рамзист, ки вохўрии мо дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврўз – рамзи бедории табиат, оғози баҳор ва соли нави анъанавиамон сурат мегирад.

Наврўз ҷашнест, ки одамон ҳангоми омодагӣ ба он – хонаҳо, манзилҳо, намуди зоҳирии худро ба тартиб дароварда, дилҳояшонро аз кинаву адоват тоза мекунанд, аз якдигар омурзиш мепурсанд ва онро ҳамроҳ бо пайвандон, дўстон ва ҳамсояҳои худ бо шодиву сурур ва шукўҳу шаҳомат истиқбол мегиранд…

Халқҳои мо, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дўстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрўз нигоҳ доштаанд.
Дарвоқеъ, тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дўстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд…

Зиёиён, шоирон ва нависандагони мо бояд ёдгориҳои бойи адабию илмиро тарҷума ва паҳн намоянд, фарҳанг ва урфу одатҳои халқҳоямонро омўзанд, ҷиҳати бештар наздик сохтани мардумонамон  дар заминаи арзишҳои нек ва созанда чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ доир намоянд».

Инак, барои амалӣ намудани гуфтаҳои Пешвои миллат профессор Равшан Раҳмонӣ зери унвони «Наврўз дар Ўзбекистон» китобе таълиф намуда, ки он аз ҷониби нашриёти «Адиб» зери назари академики АИ ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ба нашр расида,  муҳаррири он Давлат Сафар аст.

Дар Ӯзбекистон ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва миллатҳои дигар бо ҳам дўстона ва аҳлона ҳар сол Наврӯзро бо тантана ҷашн мегиранд. Дар ин китоб хонандагон дар асоси санадҳои илмӣ ва маводи гирдовардаи муаллиф бо таҷлили ҷашни Наврўзи Ўзбекистон, аз ҷумла дар вилоятҳои Тошканд, Хоразм, Фарғона, Намангон, Сурхондарё ва Бухоро шинос хоҳанд шуд.

Дар сарсухани академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар китоби мазкур омадааст:

«Соли 2018 дар таърихи Тоҷикистон ва Ўзбекистон хотирмон ва барои пойдориву устувории дўстиву ҳамкории мардуми ин ду мамлакат беназир буд. Дар таърихи 9-10 марти соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирамонович Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 17-18 августи соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон анҷом пазируфт…

Дар ҳамин соли 2018 рўзноманигорон аз тариқи воситаҳои ахбор – бахусус интернет, телевизион, радио ва матбуот роҷеъ ба тарзи баргузории Наврўзи ҳамдигар суханҳои нек гуфтанд. Дар ҳар ду кишвар аз Наврўзи бостонӣ, Наврўзи ҷамшедӣ, аз гуфтаҳои Берунӣ ва Хайём, Ҷомӣ ва Навоӣ дар бораи Наврўз ёдовар шуданд. Дар Наврўзгоҳҳои ҳарду давлат суруду рақсҳои ҳарду миллат якҷо иҷро гардиданд.

Хуб аст, ки пас аз истиқлоли кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ сарварони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба ин ҷашни пайвандгари инсону табиат,  васлгари кайҳону ҷамъият, талқинкунандаи дўстию рафоқат таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Бо баргузор намудани ҷашни Наврўз ва оинҳои мардумии он оламиён ба рафоқату ҳамбастагӣ даъват мешаванд.

Ин аст, ки дар Наврўзи соли 2018 боз як муждаи нек расид. 15 марти соли 2018 сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон вобаста ба Наврўз изҳороте доштанд, ки онро тамоми мардуми минтақа бо шодмонӣ пазируфтанд…

Ин изҳорот сабаби он шуд, ки мардуми зиёди Осиёи Марказӣ дар Наврўзи соли 2018 дар минтақаҳои ҳаммарз ба ҷашни Наврўзи ҳамдигар рафтанд, шодиву нишоти наврўзиро бо ҳам диданд, ҳамдигарро бо ашки шодӣ ба оғўш гирифтанд, бо ҳам сароиданд, рақсиданд, шўхӣ карданд ба таври куллӣ ба монанди Наврўз дилу дидаву андешаи худро нав сохтанд.

Давоми як сол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ даҳҳо мақолаҳо ва китобҳо дар бораи пайванди дўстӣ роҷеъ ба адибони гузаштаву имрўз, тарҷумаи осори адабии якдигар нашр гардид; суруду рақсу намоишҳо оид ба пайванди бештари дўстии миллатҳо дар маъракаҳо, ҷашнҳо, маҳфилҳо пешкаши мардум гардиданд.

Беш аз 40 сол аст, ки профессор Р.Раҳмонӣ машғули омўзиш ва пажўҳиши фолклори тоҷикони Ўзбекистон аст. Аз навиштаҳои ў маълум мешавад, ки дар фарҳанги мардуми миллатҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон муштаракоти зиёд аст. Ў тайи солҳои тўлонӣ, дар канори корҳои фолклоршиносии худ роҷеъ ба Наврўзи минтақаҳои Ўзбекистон низ мавод гирд оварда, бахше аз онро ба нашр расонидааст. Инак, ин китоб намунае аз навиштаҳои ўст, ки пешкаши хонандагон мегардад»

Дар китоб муаллиф роҷеъ ба махсусияти Наврўзи баъзе минтақаҳои Ўзбекистон сухан рондааст: «Нигоҳе ба наврўзи Ўзбекистон», «Наврўз дар Тошканд», «Наврўз дар Хоразм», «Наврўз дар Намангон», «Наврўз дар Фарғона», «Наврўз дар Сурхондарё», «Наврӯзи Бухоро».

Зимнан дар бораи Наврӯзи Бухоро масъалаҳои зеринро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор додааст, ки маводи хеле ҷолибро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, «Наврӯзи Бухоро аз нигоҳи устод Айнӣ», «Наврӯзи Бухоро дар нимаи аввали садаи бист», «Айёми Аҷуз дар Бухоро», «Бободеҳқон дар Бухоро», «Сайри гули сурх ва Оби раҳмат дар Бухоро», «Сурудҳои баҳорӣ ва наврўзӣ дар Бухоро» аз ин қабиланд.

Сентябрь 5, 2019 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Дар Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
Ғолибони даври ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус