Пагоҳ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад

Октябрь 3, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 октябр, соати 13:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин рӯз панҷ нафар иштирокчии фаъол бо Шоҳҷоиза ба маблағи  100 ҳазор сомонӣ ва ғолибони дигар жанрҳои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо маблағи 70 000 сомонӣ, 50 000 сомонӣ ва 30 000 сомонӣ, Диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Озмун давоми ҳафт  сол доир шуда, дар ҳар номинатсияи он се жанр- академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ мавҷуд аст. Дар ҳар номинатсия довталабон дар ду синн: аз 12 то 17 — сола ва аз 18 то 40 — сола иштирок мекунанд, ки барои ҳар жанр як ҷойи якум, ду ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюм ҷудо гардидааст. Дар номинатсияи композиторӣ довталабони аз 18 то 40 – сола иштирок намуданд.

Тибқи Низомнома, озмун имсол аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардид. Имсол иштирокчиёни номинатсияи сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн ба чунин синну сол ҷудо гардиданд: аз 12 то 17-сола ва аз 18 то 35-сола. Дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ танҳо нафарони аз 18 то 35-сола иштирок намуданд.

Озмун дар се давр доир гардид, яъне даври якум моҳи апрели имсол дар маркази шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври сеюми озмун дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин омӯзгороне, ки шогирдони худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ соҳиби Шоҳҷоиза мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд