МАРЗИ НАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ. Сокинони шаҳри Роғун ба истиқболу пазироии меҳмонон дар рӯзи ифтитоҳи агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» омода мебошанд

Сентябрь 6, 2019 12:13

РОҒУН, 06.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  9 сентябр ба шарафи ҷашни муқаддаси миллиамон-Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода мешавад. Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳонидини МАҲМУД аз шаҳри энергетикҳои тоҷик хабар медиҳад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд ба истифода додани  ин агрегат дар шаҳри Роғун корҳои ободонию созандагӣ бо вусъати дучанд идома доранд. Сокинону соҳибкорон ва роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои шаҳр барои хуб пешвоз гирифтани  меҳмонон дар ин рӯзи таърихӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Имрӯзҳо баробари ба шаҳри Роғун  ворид шудан аз дидани биноҳои замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ,  рангобарангии биноҳои баландошёна ва гулу гулгаштҳо кас рӯҳу илҳоми тоза гирифта, худро дар дунёи афсонавӣ эҳсос мекунад.  Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам  намудаанд.

Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  дар маркази шаҳри Роғун 5 иншооти ҷашнӣ, аз қабили муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ, чойхонаи миллӣ ва майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки онҳо шукӯҳи шаҳрро бештар намудаанд.

Ҳамчунин хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм дар остонаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи  агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» соҳиби синфхонаҳои иловагӣ гардиданд. 215 нафар хонандагони ин деҳа  то имрӯз дар 8 синфхона таҳсили илм менамуданд. Бо зиёд гардидани шумораи аҳолӣ ғунҷоиши хонандагон дар муассисаи мазкур ғайриимкон гардида буд.  Соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва сармоягузории Сафорати Япония ба маблағи беш аз 980 000   сомонӣ 6 синфхонаи иловагӣ  дар назди ин муассиса мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон дар ин рӯзҳо   дар шаҳри Роғун 12 иншоот бахшида ба  ҷашн ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Аъламхон Наимӣ 3 иншооти дигар, аз ҷумла, истгоҳи замонавӣ дар деҳаи Қалъаи нави Ҷамоати деҳоти Қади Об, роҳи дохили деҳаи Ёли Гармоба ва мағозаи молҳои талаботи ҳаррӯза дар маркази шаҳраки Оби Гарм ба истифода дода шуданд.

Барои дар сатҳи хотирмон пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонон дар шаҳри Роғун озмуни “Хонаи бисёрошёнаи беҳтарин” гузаронида шуд. Он дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон соҳиби диплом ва мукофотҳои пулӣ ба маблағи умумии 23 000 сомонӣ мегарданд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва истиқболи меҳмонон дар маросими кушодашавии агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки сокинони шаҳр  ва кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, корхонаву муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мунтазам поккорӣ гузаронида шуда, ду тарафи  роҳи даромадгоҳи шаҳр аз алафҳои худрӯй  ва партовҳои сахти маишӣ тоза мегардад.

Ба иттилои масъулин, то рӯзи ҷамъомади идона чунин ҳашарҳои дастаҷамъона дар шаҳр  идома меёбанд.

Сентябрь 6, 2019 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд