НУҚРАИ САБРИНА. Варзишгардухтари тоҷик дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷои дуюм гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоҳмотбози ҷавони тоҷик Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот миёни наврасон дар равияи рапид миёни духтарони то 14-сола медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оғоз гардид ва аз рӯи равияҳои шоҳмоти классикӣ, рапид ва блитс то 11 сентябр идома меёбад.
Сабрина дар рӯзи аввал, дар равияи рапид (босуръат) 7 бозӣ анҷом дода, дар 5 бозӣ бар намояндагони Ҳиндустон (3 нафар), Ӯзбекистон ва Шри Ланка ғалаба кард. Ӯ як бозиро бо варзишгари дигари Ҳиндустон мусовӣ карда, дар як бозӣ аз ғолиби ин равия Роҳилла Шивика аз Ҳиндустон мағлуб шуд ва ҷои дуюмро ишғол намуд.
Дар чемпионати мазкур 336 шоҳмотбоз аз 10 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Ҳиндустон, Шри Ланка, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Бангладеш иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки Сабрина дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games), ки 1-5 июни соли равон дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия баргузор шуд, сазовори ду медал – 1 тилло ва 1 нуқра гардида буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






