«ОБ – САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ». Бунёди Садриддин Айнӣ албоми мусаввари Рассоми халқии Тоҷикистон Исуф Санговро таҳти ин ном ба нашр расонид

Сентябрь 2, 2019 11:04

ДУШАНБЕ, 02.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Об – сарчашмаи зиндагӣ»-таҳти чунин унвон албоми мусаввари Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Исуф Сангов бо ибтикори Бунёди Садриддини Айнӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расид. Албоми мусаввар дар Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки аз аз 4 то 6 сентябр доир мегардад,  ба намоиш гузошта мешавад.

Дар асар мусаввараҳои зиёди рассоми пурҳунар ҷой дода шуда,  манзараҳои нотакрори сарзамини биҳиштосоямон, кӯлҳо, рӯдҳо, чашмасорону шаршараҳо инъикос ёфтаанд.

Албоми мусаввар бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор дар давраи солҳои 2018-2028» садо дода буданд, ифтитоҳ меёбад: «Тоҷикистонро ба шарофати табиату иқлими нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, оби мусаффои кӯлу рӯдҳо барҳақ сарзамини биҳиштосо меноманд. Ва мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати халқҳои минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем».

Ба китоби мусаввар академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва доктори фанҳои таърих, профессор Лариса Додхудоева сарсухан навиштаанд. Китоб ба доираи васеи хонандагон ва пеш аз ҳама, ба сайёҳони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки тавассути он метавонанд бо Тоҷикистону табиати камназири он бештар шиносо гарданд.

Сентябрь 2, 2019 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид