ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад

Сентябрь 26, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 26.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо  суръати 0-5  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 16+21  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва   рӯзона  24-29  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 12+17, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 33+35 дараҷа  гарм мешавад.

Сентябрь 26, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид