ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 28.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






