ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр сония мевазад.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва баъзан 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.








Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид






