Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Иди себ доир мегардад

Сентябрь 20, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 21 сентябр бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» Иди себ доир мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Иди мазкур  дар тамоми ноҳияҳои мамлакат баргузор шуда, боғпарварон намунаи беҳтарин себҳоро дар шаҳри Душанбе ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Дар Иди себ себпарварон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ навъҳои гуногуни себ, хони пур аз маҳсулоти себӣ, гӯшаи дорои маҳсулоти миллӣ ва инчунин барномаи фарҳангиро барои сокинон ва меҳмони пойтахт пешниҳод мегардонанд.

Бояд гуфт, ки Иди себ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он хотир ба расмият дароварда шудааст, ки дар мамлакати мо навъҳои беҳтарини себ парвариш  меёбанд. Имрӯзҳо аз таҷрибаи боғпарварони тоҷик мамлакатҳои дигар истифода намуда, ниҳолҳоро харидорӣ менамоянд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар иди мазкур гӯшаи тавсияҳо фаъол карда шудааст, ки аз тарафи олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ба боғпарварон тавсияҳо дода мешаванд.

Дар китоби  «Канзи шифо» мизоҷи себро ширин, дар дараҷаи аввал гарм ва дар дуюм тар навиштаанд. Хусусияти шифобахшиаш он аст, ки дил, майна ва ҷигарро қавӣ гардонда, сари меъдаро қувват мебахшад ва иштиҳоро мекушояд. Табибон иброз доштаанд, ки ҳама намуди себ инсонро фарбеҳ мегардонад.

Ҳамчунин себи туршро дар миёни хамир гирифта, дар оташ  пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад, барои иллати сил ва лоғарӣ дармон мебошад.

Дар таркиби себ микроэлементи Fe (оҳан) ва дигар моддаҳои ба организми инсон муфид мавҷуданд.

Зикр гардид, ки иди себ аз рӯйи чор номинатсия доир шуда, дар он баргузории озмун низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷамъбаст ғолибон аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2019 ҳамасоли шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад.

Сентябрь 20, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд