Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии сокинони ноҳия боздид карданд.
Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти саноативу кишоварзии хоҷагии ҷангали ноҳия, деҳоти Балхобӣ, “Нуралишо Назаров”, “Деҳибаланд”, ба номи Шамсиддин Шоҳин, хоҷагии таҷрибавии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзӣ дар ноҳия ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.
Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мӯъминобод сол аз сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд.
Дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда, аз ин ҳисоб 6 коргоҳ фаъолияти мавсимӣ доранд.
Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ қонеъкунанда буда, бо эълони ҳадафи 4-уми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ корҳо дар самти афзоиш додани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият бахшида мешаванд.
Дар намоишгоҳи кишварзони ноҳияи Мӯъминобод каду, тарбуз, харбуза, пиёзи сурху сафед, картошка, бойимҷон, қаламфур, ҷуворимакка, ангур, себ, меваи хушк, гиёҳҳои шифобахш, навъҳои гуногуни асал, маҳсулоти консерва ва ғайра ба намоиш бароварда шуд. Дар ноҳияи Мӯъминобод 4 ҳазору 765 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд.
Давоми 8 моҳи охир дар майдони 14 ҳазору 978 гектар кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, зироати техникӣ, зироати хӯроки чорво гузаронида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод бо кишоварзон ва масъулони соҳа суҳбат намуда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






