Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд

Сентябрь 10, 2019 22:24

ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи шоир ва мутафаккир Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.

Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар маркази шаҳри Кӯлоб мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он бисёр сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд.

Тибқи маълумоти масъулин, танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи Оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб 11.09.2019

Сентябрь 10, 2019 22:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон