Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» ва намоиши махсулоти кишоварзӣ боздид намуданд

Сентябрь 10, 2019 19:27

ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» шинос шуданд.

Дар назди Кооперативи тиҷоратии Саид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 70 гектар бунёди гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар як гектари он 10 гармхона бунёд гардидааст.

Ин қитъаи замин қаблан санглох буд, ки обёрии он бо мушкилӣ сурат мегирифт ва баъд аз истифодаи оқилонаю босамар бо кандани чоҳҳои амудӣ обёрии гармхонаҳо бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароит ва технологияи парвариши помидору бодиринг, қаланфур ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳо аз наздик шинос шуда ба хоҷагидорон ҷиҳати рушди ин бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ дастуру ҳидоят ва маслиҳати муфид доданд.

Ҳамзамон дар гармхонаҳо бодиринг ҳосили фаровон дошта, маҳсули меҳнати хоҷагидорон ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба фурӯш бароварда шудааст.

Ба андешаи мутахассисони соҳа парвариши сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона нисбат ба замини кушод манфиатовар буда, гирифтани ҳосил то 1200 сетнер имконпазир аст.

Ташкили гармхонаҳо бо технологияи нави парвариш имкон фароҳам меорад, ки бозорҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳину Восеъ ва Мир Саид Алии Ҳамадонию Фархор дар чаҳор фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин карда шаванд.

Ҳамзамон дар ин гармхонаҳо 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуда оянда бо бунёди гармхонаҳои иловагӣ шумораи коргарон то ба 500 нафар хоҳад расид.

Дар ин маҷмааи кишоварзӣ- саноатӣ хоҷагидорон азм доранд, ки дар майдони 10 гектар гармхонаи лимупарварӣ, 15 гектар токзор, 10 гектар боғи интенсивӣ, дар масоҳати 2 гектар ҳавзи моҳипарварӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот барои дар як сол истеҳсоли то 2,5 миллион банкаи шартӣ, ташкили гушаи деҳқон дар 0,50 гектар замини ғайри кишоварзӣ, ду сардхона ҷиҳати нигоҳдории то 10 ҳазор тонна меваю сабзавот ва колеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои меҳнатии кишоварзон боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ хоҷагидорон маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд, ки аз ҳосили фаровони боғу токзор, зироатҳо ва полезӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб башорат медиҳад.

Намоишгоҳро пирамидаҳои бо тарбузу харбуза омода кардаи хоҷагидорон шукуҳи дигар бахшид.

Маврид ба таъкид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб соли ҷорӣ 145 миллион сомониро ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад. Имсол дар майдони 10 ҳазору 409 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуда 37, 5 гектар боғи нав бунёд гардидааст.

Истеҳсоли сабзавот 24,6 ҳазор тонна, полезӣ 475 тонна ва мева 797 тоннаро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли гузашта бештар мебошад. Кишоварзон дар намоишгоҳ бо пешниҳоди навъҳои беҳтарини меваҳо, картошка, каду, тарбуз, харбуза, пиёз, шалғаму сабзӣ, бодирингу помидор, зироати ғаладонагӣ, намунаи гиëҳҳои шифобахш ва занбури асал собит намуданд, ки дар истифодаи босамари замин таҷрибаи зиёд андухта, барои тадбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъолу назаррас мегузоранд.

Дар як гӯшаи намоишгоҳ кадбонуҳо анвои гуногуни маводи ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллиро омода ва пешниҳод намуданд. Техникаву мошинолоти муосири кишоварзӣ, ки пешрафти кори аҳли заҳмат аз он вобастагӣ дорад ба маъраз гузошта шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон бо хоҷагидорон суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Боздид аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ - саноатии «Кӯлоб» ва намоши махсулоти кишоварзӣ 10.09.2019

Сентябрь 10, 2019 19:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид