Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик –Кангурт оғоз бахшиданд

Сентябрь 10, 2019 19:02

ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшиданд.

Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад.

Мутобиқ ба лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, гузоштани 25 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ 8 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ ва сохтмони дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё таҷдид мегардад.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирад ва баъди таҷдиду навсозӣ ин мушкил аз байн хоҳад рафт. Лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ мегардад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳо ба масъулон дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик -Кангурт 10.09.2019Оғози корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик -Кангурт 10.09.2019

Сентябрь 10, 2019 19:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон