Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё оид ба масъалаҳои мубрами ҳамгироии давлатҳо иштирок намуд

Сентябрь 25, 2019 16:02

ДУШАНБЕ, 25.09.2019./АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр  дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз 41 давлати ҷаҳон намояндагон иштирок намудаанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар назди иштирокдорон суханронӣ  намуда, иброз дошт, ки «баргузории ҷаласаи парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ба як анъанаи нек ва майдоне табдил ёфтааст, ки дар доираи он мушкилоти глобалии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои мо дар чаҳорчӯбаи раванди ҳамгироии АвруОсиё баррасӣ мешаванд. Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами ҳамгироии АвруОсиё, ки ҳоло дар сатҳи сифатан нав қарор доранд, имконияти беназир медиҳанд. Умуман, дар ҷаҳони муосир ҳамгироӣ ба яке аз тамоюлҳои асосии сиёсиву иқтисодӣ табдил меёбад».

Ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё як бахши муайяни ташаккул ва таҳкими равандҳои нави ҳамгироӣ дар минтақаи АвруОсиё мебошем. Фазои он маҷмӯи давлатҳоест, ки як қаламрави муайяни робитаҳои гуманитарӣ ва иқтисодиро муайян мекунад.

Тавре  Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, «ҳаёти ҷомеа нишон медиҳад, ки равандҳои ҳамгироӣ ба доираи қонунҳои муайяни геополитикӣ асос ёфтаанд. Ҳоло дар ҷаҳон тамоюли бунёди як низоми ҷаҳонии глобалӣ ҷараён дорад, ки давлатҳоро аз рӯи хусусиятҳои муайян, ба монанди иқтисодиёт, нуфузи сиёсӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ғайра гурӯҳбандӣ мекунад. Дар ин система давлатҳое, ки метавонанд рақобатпазиртарин гурӯҳи ҳамгироии минтақавиро ташкил кунанд, фоида хоҳанд кард».

Бино ба зикри номбурда, ҳар як давлат аз як тараф, ворид шудан ба иттиҳоди ҳамгироии ояндадор ва барои инкишофи худ мувофиқ бошад, аз сӯи дигар, мусоидат ба ташаккул ва рушди бомуваффақияти он аст.

Ҳамгироии фазои АвруОсиёӣ муҳимтарин вазифаи сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди хориҷии ҳар як давлати АвруОсиё мебошад ва барои ба ҷомеаи мутамаддин табдил ёфтани онҳо далелҳои кофӣ мавҷуданд.

Ба андешаи мавсуф, равандҳои ҳамгироӣ доираи васеи масъалаҳоро фаро мегиранд, ки инҳо масъалаҳои низомӣ-сиёсӣ мебошанд. Дар партави рӯйдодҳои охир масъалаи таъмини амнияти ҳастаӣ, мусоидат ба паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ва технологияи таҳвили онҳо барои кишварҳои мо аҳамияти махсус доранд. Кишварҳои АвруОсиё бояд тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд, то марҳилаи нави мусаллаҳшавӣ ва пайдоиши марҳилаи нави ҷанги сардро пешгирӣ кунанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 15 июни дар Душанбе баргузор гардид, таъкид карданд, «Тоҷикистон зарурати пешбурди минбаъдаи талошҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳ, субот ва амният дар Аврупо ва Осиё, густариши ҳамкории гуногунҷабҳа ва татбиқи чораҳои боварӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо баён медорад».

Сарони давлатҳо таъкид карданд, ки ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ чун ҳарвақта миқёси афзояндаи терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноят таҳдид мекунанд.

Мубориза бар зидди ин таҳдидҳо аз тамоми кишварҳои ҳавзаи АвруОсиё андешидани тадбирҳои фаврии муштаракро талаб мекунад.

«Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар мубориза бо терроризм собит месозад, ки барои муваффақ шудан дар ин самт маҷмӯи чораҳои қонунгузорӣ ва пешгирикунанда заруранд»,- иброз дошт номбурда.

Барои иштирокдорони ин ҷаласа вазъи ноумедкунанда ва идомаёбандаи низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон, ки дар онҷо гурӯҳҳои динӣ ва экстремистӣ ва пойгоҳҳои омӯзиши террористон ва ҷангҷӯён ҷойгиранд, мисоли рӯшан аст.

Дар ин бора Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки  «аз ҷониби дигар, воридшавии террористони ба номи «Давлати исломӣ» ба Афғонистон ва навъҳои гуногуни ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, интиқол, қочоқи аслиҳа, ки аз ҷониби онҳо содир шуда ва яке аз сарчашмаҳои маблағгузории ташкилотҳои ҷиноӣ мебошад, иҷрои ин вазифаро боз ҳам душвортар мегардонад.

Омили муҳими ҳамгироии АвруОсиё бояд масъалаҳои рушди иқтисодӣ бошад. Дар ин самт бояд масъалаи таъсис ва ташаккули озодиҳои ягонаи иқтисодӣ дар соҳаҳои интиқоли молҳо, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, инчунин дар дигар соҳаҳои марбута ба миён гузошта шавад ва дар оянда фазои ягонаи иқтисодии АвруОсиёро таъсис диҳад.

Дар фарҷоми ҷаласа Шукурҷон Зуҳуров ба мизбонон барои меҳмоннавозӣ, таваҷҷуҳ ва талошҳо оид ба густариши ҳамкории байнипарлумонӣ ба манфиати халқҳо ва кишварҳоямон сипогузорӣ намуд.

Имрӯз сафари кории Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ дар Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи панҷуми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё соли 2020 дар Ҷумҳурии Индонезия баргузор мегардад.

Сентябрь 25, 2019 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба маориф, мудофиа ва амният доир шуд
Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ гардид
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон густариш меёбанд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиш доир ба масоили тағйирёбии иқлим дар Алмаато иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият мебахшанд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова мулоқот намуданд
Раиси палатаи болоии парлумони Озарбойҷон ба Тоҷикистон омад
МУРОҶИАТНОМАИ Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат
Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тавсеа меёбад
Дар Душанбе ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
КМИР: Алишер Мирзонабот ва Азизулло Исматзода аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд