Шукурҷон Зуҳуров ва Фахрӣ Ҳамза масъалаи таъсиси ширкатҳои муштаракро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ намуданд

Сентябрь 20, 2019 14:39

ДУШАНБЕ, 20.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Индонезия Фахрӣ Ҳамза масъалаи таъсиси ширкатҳои муштарак дар соҳаи саноати сабук, коркарди ангишт,  сайёҳӣ ва бизнеси меҳмонхонаҳоро баррасӣ намуданд.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мулоқоти ҷонибҳо имрӯз, 20 сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардида,  зимни он инчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкории минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Индонезия  муҳокима карда шуданд.

Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлативу  байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баргузории муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсиро асоси таҳкими ҳамкории ду мамлакати дӯст ҳисобиданд.

«Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки мо комёбиҳои  мардуми Индонезияро дар шоҳроҳи рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат баланд арзёбӣ намуда, нақши созандаи ин давлатро дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ шоистаи таҳсин меҳисобем»,- афзуд манбаъ.

Зикр гардид, ки  мувофиқаҳои зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия дар соли 2016 ҳосилгардида дар таҳкиму тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди дуҷониба заминаи устувор гузоштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари муҳокимаи вазъи ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии дуҷониба оид ба робитаҳо дар ҷодаи сайёҳӣ, сармоягузорӣ, тандурустӣ ва маориф гуфтугӯ сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки давоми солҳои 2015-2019 дар доираи Барномаи омӯзишии бурсиявӣ барои хориҷиён — «Дармасисва» ба шаҳрвандони Тоҷикистон 45 бурсия пешниҳод гардида, ҷавонони тоҷик дар Индонезия ба омӯзиши фарҳанг ва забони индонезӣ машғул гардиданд.

«Фаъол будани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ омили асосии рушди робитаҳои дуҷониба буда, бо истифода аз онҳо метавон имкониятҳои мавҷударо ба нафъи парлумонҳо истифода бурд»,- иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров дар фарҷоми мулоқот.

Сентябрь 20, 2019 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид