Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 дар шаҳри Кӯлоб

Сентябрь 11, 2019 13:05

11.09.2019, шаҳри Кӯлоб

Омӯзгорони муҳтарам ва фарзандони азиз!

Ба ҳамаи шумо ҷашни бузурги миллӣ – 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро, ки туҳфаи идонаи Ҳукумати мамлакат мебошад, самимона табрик мегӯям.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45, ки барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, аз чор бинои таълимӣ ва утоқҳои алоҳида аз фанҳои химия, физика, биология, технология, синфхонаҳои шоҳмот ва компютер, ҳуҷраи инкишофи кӯдак иборат мебошад ва бо таҷҳизоти таълимиву озмоишгоҳӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳамчунин, дар муассиса толори варзиш, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона бо толори хониш ва дигар биноҳои ёрирасон бунёд шудаанд, яъне барои фаъолияти босамари устодону омӯзгорон ва таҳсили хонандагон шароити беҳтарин муҳайё гардидааст.

Ба фаъолият оғоз кардани боз як даргоҳи илму маърифат дар рӯзҳои ҷашни бузурги миллӣ рамзи нек мебошад. Зеро ин муассиса метавонад фарзандонеро ба воя расонад, ки минбаъд барои пойдории истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва пешрафту ободии Ватани азизамон хизматҳои шоиста намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти бузурги илму маориф дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ба ин соҳа афзалият дода, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузории онро мунтазам зиёд карда, тасмим дорад, ки ин корро дар оянда боз идома бахшад.

Дигар ин, ки ҳамасола шумораи аҳолии кишвар афзуда, маҳалҳои нави истиқоматӣ таъсис ёфта истодаанд, ки дар онҳо фароҳам овардани инфрасохтори иҷтимоӣ, алалхусус, бунёд намудани муассисаҳои таълимӣ ва пурра фаро гирифтани фарзандони сокинон ба таълиму тарбия аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021»-ро қабул намуд, ки тибқи он дар вилояти Хатлон 566 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 110 ҳазор ҷойи нишаст бунёд гардида, мактабҳое, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, вагонҳо, хонаҳои шахсӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, азнавсозӣ ва дар деҳаву маҳалҳое, ки навбунёд ҳастанд, муассисаҳои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб дар доираи татбиқи ин барнома 22 иншооти соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ барои 10 ҳазор нафар хонанда бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.

Ҳоло аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Зарқалъа, аз ҷониби соҳибкорон Ғуломов Абдухалил бунёди муассисаи таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чармгарон, Комилов Наврӯз сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 41 бо 240 ҷойи нишаст ва бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 деҳаи Корез барои 125 нафар хонанда бомаром идома дорад.

Худи ҳамин имрӯз мо баъди мулоқот бо шумо дар шаҳри Кӯлоб боз як муассисаи нави таълимӣ — мактаби рақами 43-ро ба истифода месупорем, ки дар он барои 1250 нафар хонанда шароити беҳтарини донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст.

Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ дар деҳаи Гулистон сохтмони муассисаи таълимӣ бо 240 ҷойи нишаст оғоз гардида, тибқи нақша дар доираи амалигардонии марҳалаи навбатии лоиҳаи сармоягузории давлатӣ боз 8 муассисаи таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ мегардад.

Бо вуҷуди душвориҳои иқтисодии солҳои пеш дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 34 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои 21 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо дастгирии соҳаи маорифро минбаъд низ идома дода, барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмин намудани фаъолияти аз ин ҳам пурсамари омӯзгорон чораҷӯӣ хоҳад кард.

Дар баробари ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб низ вазифадоранд амалигардонии барномаҳои давлатии соҳаи маорифро, ки ба дастгирӣ ва рушди соҳа нигаронида шудаанд, таъмин карда, дар доираи имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, ҷалби соҳибкорон ва дигар шахсони эҳсонкор барои бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таъмиру таҷдиди мактабҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб то ба ҳол қонеъкунанда нест.

Тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” дар шаҳри Кӯлоб бояд 13 муассисаи томактабӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ бунёд мегардид.

Вале то имрӯз ҳамагӣ як муассисаи томактабии хусусӣ таъсис ёфта, ягон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ бунёд нашудааст. Ҳамин гуна мушкилот дар татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» низ ба назар мерасад.

Тибқи талаботи барномаи мазкур соли 2018 бояд барои муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб 328 компютер ва дигар таҷҳизоти электронӣ харидорӣ карда мешуд. Лекин дар ин муддат ҳамагӣ 32 компютер харидорӣ шудааст, ки 10 фоизи нишондиҳандаи барномаи зикршударо ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Кӯлоб, инчунин, вазъи иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» низ нигаронкунанда мебошад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва ҷалби сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатии зикршуда чораҳои мушаххас андешанд.

Омӯзгорони муҳтарам!

Масъалаи дигаре, ки ман қариб дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои худ таъкид месозам, нокифоя будани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сифати таълиму тарбия мебошад.

Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои бадастовардаи хатмкардагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и шаҳри Кӯлоб дар се соли охир тамоюли болоравӣ дорад.

Масалан, аз шумораи умумии довталабони ин муассиса дар соли 2016 — 62 фоиз, соли 2017 – 66 фоиз ва соли 2018 — 73 фоиз сазовори номи донишҷӯ гардидаанд, ки боиси таҳсин аст.

Вале таҳлили холҳои миёнаи аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон дар солҳои 2016-2018 нишон медиҳад, ки нишондиҳандаи мазкур дар шаҳри Кӯлоб аз фанҳои математика, физика, химия, география, биология, таърих ва забони хориҷӣ нисбат ба довталабони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар паст мебошад.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, омӯзгорону масъулини соҳаи маориф ва падару модаронро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу таърихӣ, эҳтироми калонсолон ва дигар хислатҳои хуби инсонӣ тарбия кардани наврасону ҷавонон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Таҳлили вазъи соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб нишон медиҳад, ки дар раванди таълиму тарбия ва сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз як қатор камбудиву мушкилот ба назар мерасанд.

Ҳарчанд ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб шумораи омӯзгорони забонҳои англисӣ ва забони русӣ беш аз 600 нафарро ташкил медиҳад, аммо сатҳу сифати омӯзиши забонҳои хориҷӣ боиси нигаронӣ мебошад.

Натиҷаи санҷиши корҳои хаттӣ нишон медиҳад, ки сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз фанҳои забони англисӣ ва русӣ миёни хонандагони синфҳои 9 ва 11 мутаносибан 68 ва 78 фоиз мебошад.

Баргузории олимпиадаҳои фаннӣ яке аз роҳҳои ҳавасмандгардонии хонандагон ба донишомӯзӣ ва дарёфту рушди истеъдодҳо ба шумор меравад. Ҳарчанд ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб дар олимпиадаҳои фаннӣ торафт беҳтар гардида истодааст, вале ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.

Зеро соли таҳсили гузашта дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ 21 нафар хонанда аз шаҳри Кӯлоб ширкат карда, 6 нафар сазовори ҷойи сеюм гардида, ягон нафар ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб нашудааст. Зарур аст, ки аҳли маорифи шаҳр дар атрофи ин масъала ҷиддӣ кор кунанд.

Дар ин маврид мехоҳам як нуктаи дигарро таъкид намоям. Боиси қаноатмандист, ки дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вақтҳои охир таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва падару модарон ба донишомӯзии фарзандон торафт зиёд гардида, талоши падару модар ҷиҳати ба дасти омӯзгори ботаҷриба ва ба мактаби дорои шароити хуби таълиму тарбия супоридани тақдири фарзандон эҳсос карда мешавад.

Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо мебошад, ки дар шаҳри Кӯлоб сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон солҳои охир кам гардида, соли гузашта, дар маҷмӯъ, 5 ҳолат ё 40 фоиз кам ба қайд гирифта шудааст. Дар шашмоҳаи соли 2019-ум 17 ҳолати ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба ҳисоб гирифта шудааст, ки барои пешгирии минбаъдаи онҳо бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Устодону омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва аҳли ҷомеа ҷиҳати иҷро ва риояи минбаъдаи қонуни зикршуда чораҷӯӣ карда, барои ҷалби ҳарчи бештари фарзандон ба таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла маҳфилҳои омӯзишӣ, азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастии онҳо тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Фарзандони азиз!

Дар фарҷом ба ҳар яки шумо муроҷиат карда, хотирнишон месозам, ки ҳамаи кору пайкор ва заҳмату талошҳои мо барои таъмини зиндагии шоистаи шумо, фароҳам овардани шароити замонавӣ барои таҳсил ва муҳайё намудани имконияти мусоид ҷиҳати ҳамчун инсони комил ба воя расидани ҳар яки шумо равона карда шудааст.

Мо хуб эҳсос мекунем, ки наврасону ҷавонони замони истиқлолият бо Ватани маҳбуб ва миллати хеш ифтихор мекунанд ва умедворем, ки онҳо дар оянда ифтихори Ватан ва миллати худ хоҳанд шуд.

Барои ин зарур аст, ки шумо ҳар рӯзро самаранок истифода карда, илм омӯзед, соҳибкасб гардед, забонҳои хориҷиро азхуд кунед, ҳунарманд бошед, бо варзиш машғул шавед ва оянда бо заҳмату талошҳои созанда ва иқдому ташаббусҳои бунёдкорона диёри аҷдодии хешро обод ва парчами давлати тоҷиконро боз ҳам баландтар бардоред.

Эътимоди комил дорам, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти Кӯлоби бостонӣ минбаъд низ бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи қадимиву зебоманзари диёрамон бо азму иродаи қавӣ заҳмат мекашанд.

Бори дигар 28-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимиро ба ҳамаи шумо — ҳозирини гиромӣ ва сокинони маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб табрик гуфта, ба хонандагон таҳсили хубу аъло ва ба ҳайати омӯзгорон дар фаъолияти пурмасъулияташон барори кор орзумандам.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Сентябрь 11, 2019 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд