Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин»-ро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 21, 2026 11:37

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чинро мавриди истифода қарор доданд.

Марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, ки дар он бо ҷалби 250 коргари маҳалливу хориҷӣ ва истифодаи технологияи насли нав 4 намуди маҳсулоти дорои арзиши баланд истеҳсол мешавад.

Зимни боздид ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки  консентрати сурбу нуқра, миси штейнӣ ва тилло ба ин корхонаи тозабунёд аз кони Зарнисор, ки ашёи хом дар он хеле фаровон аст, дастрасу коркард шуда, маҳсулоти тайёри он баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар ҳам содир мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки 16 ноябри соли 2017 Президенти кишвар зимни ифтитоҳи марҳилаи аввали корхона ба масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин супориш дода буданд, ки барои бунёди корхонаи нав ва коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Соли 2023 ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ бо ҷалби 200 коргари маҳалӣ оғоз шуд.

Баъди ба кор дароварди марҳилаи дуюм, корхона иқтидор дорад, ки дар 1 сол 30 ҳазор тонна сурби холис, 1000 тонна миси штейнӣ, 40 тонна нуқраи холис ва 100 килограм тиллои холис истеҳсол намояд.

Зимни муаррифӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол 10 навъи маҳсулот аз ҷумла лулаи резинӣ, консентратҳои сурб, рӯҳ, мис, сурби хом, миси штейнӣ, оксиди синк, сурби холис, нуқра ва тилло коркарду истеҳсол мешавад.

Ба ин намуди маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ талабот хеле зиёд аст.

Дар ҳудуди корхонаи металлургӣ барои коргарону мутахассисон якчанд иншооти нави хизматрасонӣ бо ҳуҷраҳои барҳавои  корӣ, хобгоҳ ва ошхона бунёд шудааст.

Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар 20 соли фаъолият бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар рушди соҳаи саноати маъдан ва таъмини сокинон бо кори доимӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Ҳоло дар ширкат ва корхонаҳои он 2200 кас ба кор таъмин ҳастанд, ки 95 фоизи онро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки дар назди ҳамин корхона парки технологии иборат аз коргоҳҳо барои коркарди амиқи маъданҳо бунёд намоянд, то ки ҳам ҳаҷму номгӯи маҳсулоти тайёр афзун гардад ва ҳам шумораи зиёди ҷойҳои корӣ барои аҳолии минтақа муҳайё шавад.

Дар охири боздид Сарвари давлат бунёди корхонаи азимро дар шаҳри Истиқлол барои рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ муҳим арзёбӣ карда, ба сатҳи робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи саноат баҳои баланд доданд.

Бо афзоиши аҳолии шаҳри Истиқлол, супоришҳои дигар барои  бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва иншооти гуногуни хизматрасониву иҷтимоӣ дода шуд.

Ба истифода додани марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол 21.09.2026

Сентябрь 21, 2026 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон