Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ «Анқо-инвест» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвестро, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкати Фаровон бунёд карда шудааст мавриди истифода қарор доданд.
Ин коргоҳи нав бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ бунёд гардидааст.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ нишондиҳандаи муҳимми имкониятҳои он мебошад. Дар як шабонарӯз ин коргоҳ имкони коркарди то 200 тонна ашёи хомро дорад. Иқтидори солонаи он коркарди то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандорро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ се хатти асосии истеҳсолӣ фаъолият намуда, равандҳои равғанкашӣ, коркарди равған ва пешниҳоди маҳсулоти тайёр ба зарфҳо дар ҳамин маҷмӯи истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд.
Дар маҷмӯъ, коргоҳи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвест дорои панҷ хатти истеҳсолӣ мебошад.
Равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли маҳсулот бо риояи талаботи технологӣ ва меъёрҳои матлуб амалӣ мегардад.
Маҳсулоти асосии коргоҳ равғани офтобпараст, пахта ва омехта мебошад.
Маҳсулоти коргоҳ бо номи Равғани Анқо инвест ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, вобаста ба талаботи истеъмолкунандагон дар зарфҳои як, ду, се ва панҷлитрӣ банду баст мешавад.
Бунёди коргоҳи нав ҳамзамон барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат кардааст. Дар давраи сохтмони иншоот 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардида буданд. Ҳоло дар коргоҳи равғанбарорӣ беш аз 20 нафар ба фаъолияти доимӣ ҷалб шудаанд.
Бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои коргоҳ имконияти васеъ намудани доираи фаъолияти истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ бештар мегардад.
Тибқи имкониятҳои истеҳсолии коргоҳ, дар сурати фаъолияти пурраи иқтидорҳо, он метавонад то 30 фоизи талаботи бозори дохилии кишварро ба равғани растанӣ таъмин намояд. Ин нишондиҳанда аз имкониятҳои назарраси коргоҳ дар самти рушди истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ дарак медиҳад.
Ашёи хоми коргоҳ асосан аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад.
Ҳамин тариқ, як занҷираи муҳимми истеҳсолӣ аз воридоти ашёи хом то коркард, истеҳсол ва банду басти маҳсулоти тайёр дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр заминаи мусоид фароҳам меорад.









Дар ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд






